31 Март 2016
Бо ҳадафи тарғиби либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, густариши истифодаи атласу шоҳӣ, санъати алочабофӣ, сӯзанию адрасбофӣ ва ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Фестивали шаҳрии “Либосҳои миллӣ” дар моҳи апрели соли равон қарори навбатии Раиси шаҳр аз 4-уми марти соли 2016, таҳти №76 ба тасвиб расид.
Кумитаи тадорукот, низомнома ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шудааст. Барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани Фестивал шуъбаю бахшҳои масъул ва Ҷамоати шаҳракҳо тибқи қарори мазкур муваззаф гардидаанд.