04 Апрел 2016
Оғози иди китоб
Рӯзи дуюми апрели соли равон толори китобхонаи бачагонаи бахши фарҳанги шаҳр намуди идона дошт. Намоиши китобҳои нав, рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр, дастранҷи кӯдакону наврасон таҳти шиору овезаҳо ва панду ҳикматҳои хирадмандону бузургони сухан дар ситоиши дурдонаи гаронбаҳо – китоб ба оғози ҳафтаи Фестивали китоби кӯдакону наврасон ҳусну шаҳомати тоза бахшид.
Асоси тарғиби китоб ва рӯ овардан ба интишори асарҳои пурмазмуну пурғановати адибони классику муосири форсу тоҷик ин аз мулоқотҳои ҳамасолаи руҳбахшу ҳидояткунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи мамлакат дар арафаи Иди Наврӯз ибтидо гирифтаанд.
Маросими ифтитоҳи Фестивал бо қироати муборакбодии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода аз ҷониби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода оғоз ёфт. Мавсуф оид ба дилбастагии тоҷикон ба шеъру шоирӣ, эҳтиром ба китобу китобхонӣ ҳарф зад. Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова, сармуҳаррири нашрияи «Соҳил» Рустамҷон Одизода ва директори китобхонаи низомаш марказонидаи шаҳр Бибиомина Мирзоева аз боби илму дониш, маънавиёт, китобдӯстӣ, рӯ овардан ба омӯзиши китобҳои бадеӣ баромадҳои ҷолиб намуданд.
Баромади хонандагони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва ҳаваскорони санъат, ки аз рақсу сурудҳои дилнишин, қироати шеърҳо, саҳначаҳо иборат буд, ба ҳозирин таассуроти фаромӯшношуданӣ гузошт.
Ва шоми адабӣ таҳти унвонӣ «Китоб оинаи зиндагӣ» бахшида ба оғози Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз хотирҳо носутурданист.