Матни равон

14-уми апрел дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид. Ҷаласаро Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода оғоз кард.

Муовини Раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2016 маърӯза кард.

-Дар давоми cемоҳаи аввали соли 2016 ба қисми даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 20,4 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохт ворид гашт, ки он баробар ба 104,1 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Дар натиҷа ба буҷет 793,1 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳр 104,2 фоиз ба иҷро расонида шуда зиёда аз нақша 232,8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Аз ёздаҳ намуди андозҳо ду намуди андоз: андози даромад аз шахсони воқеӣ ва андоз тибқи низоми соддакардашуда таъмин нагардид.

Маърӯзачӣ фаъолияти корҳонаҳои саноатиро таҳлил намуда, зикр дошт, ки дар ин ҷабҳа пешравиҳо ҳастанд.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми семоҳаи аввали соли 2016 ба маблағи 384,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин маблағ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,5 млн. сомонӣ зиёд буда, 141,9 фоизро ташкил дод. Дар маҷмӯъ 98,6 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 1,4 фоизи он ба сектори хизматрасонии пулакӣ ва хусусӣ мансуб аст.

Баъдан Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода фаъолияти семоҳаро мавриди таҳлил қарор дода, аз масъулини соҳаҳо пурсиш ба амал овард ва баҳри ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дастурҳои мушаххас дод.

Нисбати роҳбарони корхонахои саноатие, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз фаъолият бозмондаанд Раиси шаҳр эроди ҷиддӣ гирифта, дастур дод, ки фавраи пайи ислоҳи норасоӣ шаванд.

Яке аз муаммоҳо дар шаҳр нокифоя будани ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда аз аҳолӣ мебошад. Дар ин самт раисони Ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой ва Зарнисорро Раиси шаҳр вазифадор намуд, ки ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Вусъати корҳо дар амалӣ кардани Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод” таваққуф намуда, таъкид дошт, ки таъмини иҷрои Барномаи зикршуда талаби замон аст.

Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода, ҳамчунин ҷараёни фаъолиятро дар соҳаҳои андоз, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иқтисод, энергетика ва саноат, вазъи ҷинояткорӣ мавриди таҳлил қарор дода, ба масъулини баҳри ислоҳи норасоиҳо дастурҳои мушаххас дод.

Матлубахон Амонзода ба масъалаи пурзӯр кардани назорати ҳолати санитарию эпидемиологии шаҳр, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва идомаи таъмиру тармими иншоотҳои соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ҷалб намуда, иброз кард, ки дар татбиқи Барномаи “Соли 2016 – Соли фарди солим” фаъол бошанд.

Ба масъалаҳои рушди ҳунармандӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, тақвияти корҳои тарғиботӣ бобати вусъати маърифати сиёсии аҳолӣ, тезонидани бунёди биноҳо барои марказҳои бойторӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, пахши барномаҳои телевизиони вилоятӣ дар шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор, Чоруқдаррон ва Навгарзан, даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Раиси шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар маҷлиси фаъолони шаҳр муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Якубӣ иштирок ва баромад намуд.

Дар интиҳо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои дастури ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланд дар соли 2016 барои фаъолон барорҳои нав ба нав таманно кард.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4494
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1666
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13550
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:35474
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8244986

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?