15 Апрел 2016
Ҳафтаи сипаришуда дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Маркази тарбиявӣ” мулоқоти кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо падару модарон баргузор шуд. Аъзои Раёсати КИ ҲХДТ М.Раҳимова ва мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ шаҳрии ҲХДТ С.Бадалова оид ба дастовардҳои ноилгардидаи ҷомеаи навини кишварро аз зумраи фаъолияти серсоҳаи ҲХДТ маънидод карда, роҷеъ ба моҳияти Қонунҳои ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва Кодекси оила ҳарф заданд.
Таъкид гардид, ки баҳри истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд чун нерӯи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа дар атрофи сиёсати раҳнамунсози Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои рушду нумӯи кишвар саҳми назаррас дошта бошанд.