29 Апрел 2016
Субҳи имрӯз дар «Кохи Истиқлол» -и шаҳри Гулистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 18 Нуруллоҳ Оқилзода бо сокинони шаҳри соҳили баҳри тоҷик ,доир ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , баргузор гардид.
Мулоқотро раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳусни оғоз бахшида, гуфт,ки ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.
Нуруллоҳ Оқилзода Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин ҷамъомад гуфт,ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари мутамаддин ва ҳуқуқбунёд бояд дар масири ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар сатҳи байналмиллалӣ мавқеашро устувор созад.Аз ин ру зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омад ,ки татбиқи он боиси пешрафти кишвар ва беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум мегардад.
Вай бо таъкиди таҷрибаи талхи кишварҳои Шарқ , тазодҳои сиёсии ҷаҳон ва нақшаву тарҳҳои абарқудратҳои олам,ки бо пуштибони аз гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ мехоҳанд аҳдофи сиёсиашонро дар минтақа пиёда созанд, гуфт ,ки тағйиротҳое,ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд , таъсиси ҳар гуна аҳзоби динӣ ва дастгирии молиявии онҳоро аз суйи кишварҳои хориҷӣ , дар кишвар мамнуъ месозад. Таҷрибаи талхи солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон нишон дод,ки дар пайи кӯмакҳои бархе аз кишварҳои хориҷӣ аҳдофи муғризонаи сиёсиашон низ ниҳон будааст.
Фузун бар ин ин тағйиру иловаҳо бештар барои дастгирии қишри ҷавони ҷомеа равона гардида, имкониятҳои зиёдеро барои ширкати ҷавонони фаъол дар маъракаҳои сиёсии кишвар фароҳам овардааст, то онҳо тавонанд бо нерӯи созандаашон дар рушди босуботи кишвари азиз, саҳми бештар гузоранд.
Сипас Акмал Неъматов – мудири шӯъбаи назарияи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин маврид гуфт,ки Конститутсия чизи шахшуда нест ва бояд ба ҳаёти мардум мутобиқ ва ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шавад ва таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад,ки ин раванд дар кишварҳои пешрафтаи олам низ борҳо амалӣ гардида аст.Илова бар ин раванди ҷаҳонишавӣ дар Шарқ ва Ғарб ба фарҳанги оиладории мо таъсири манфӣ расонидааст ва аз ин рӯ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омада аст ,ки шаҳрвандонро водор месозад то ба суннатҳои неки оиладорӣ арҷ гузоранд ва онро риоят намоянд.
Нуруллоҳ Оқилзода Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни ин мулоқот аз сокинони шаҳри Гуклистон даъват намуд,ки ҳамчун шаҳвандони ватандӯсту ватанпарвар дар рӯзи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 –юми май фаъолона ширкат намуда ,ҷрнибдории худро ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , собит намоянд.