04 Май 2016
Чоруқдаррон. Омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ доири тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рўз то рўз вусъати тоза мегирад. Рўйхати 1950 нафар раъйдиҳандагон тартиб дода шудааст. Тибқи талабот ва меъёри баргузории Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, гўшаи раъйдиҳанда ва қуттӣ барои бюллетенҳо омода аст.
-Бо ҳадафи зарурияти тағйиру иловаҳоро ба аҳолӣ аз моҳият ва муҳтавои ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки тақозои замон аст фаҳмонидан гурўҳҳои корӣ дар ҳафт маҳаллаҳои шаҳрак тадбирҳои мушаххасро пайи роҳандозианд, - аснои суҳбат иброз дошт, раиси комиссияи участакаи раъйпурсии №18 Қўшназар Самадов.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ бо фароҳам овардани шароити мусоид корҳои ташкилӣ дар шаҳраки Чоруқдаррон ҷараён дорад.