10 Май 2016
Дар арафаи таҷлили 71-умин солгарди Рўзи Ғалаба муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода ва Бозорбой Розиқзода, сармутахассиси шўъбаи иттилоотию таҳлилии Раиси вилояти Суғд ва муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайратҷон Оқилов аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳид Самадовро, ки баҳори умраш ба 93 расида, Иди Ғалабаро бори 71-ум истиқбол мегирад самимона табрик гуфта барояш тани сиҳату рўзгори обод таманно карданд ва таъкид бар он доштанд, ки Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон, хосатан Сарвари давлат ғамхориву меҳрубониро дар ҳаққи кулли пирони кишвар дар мадди аввал қарор медиҳанд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳид Самадов кўмаки яквақтаи пулӣ супорида шуд.