23 Июл 2024
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон намудани соли 2024 аз 18 марти соли 2024, таҳти рақами АП-533 барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тибқи нақшаи кории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сармутахссиси бахши кадри маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Шарифзода ва намояндаи маркази ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Шаҳриёр ба шаҳри Гулистон сафарбар шуда, санаи 23 июли соли ҷорӣ дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ва иштироки роҳбарони шуъбаву бахшҳои дахлдор, раисони мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳуқуқшиноси давлатии шаҳри Гулистон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар ин вохӯрӣ дар мавзӯи "Шомилшавии ҷавонони имрўза ба гурўҳҳои террористӣ ва экстремистию ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии он" баромад намуд, Сармутахссиси бахши кадри маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Шарифзода, дар мавзӯи "Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳолатҳои коррупсионӣ дар корхона ва муассисаҳо" баромад намуд, намояндаи маркази ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Шаҳриёр, ки мавзӯҳои ироагашта, мавзӯи мубрамро дар бар мегирад, доир ба ин мавзӯъ музокира ва андешарониҳои муфид шуд.
Дар интиҳо муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон бори дигар меҳмононро ба шаҳри Гулистон хайрамақдам гуфта, ба ин чорабинии пурмӯҳтаво ҳусни анҷом бахшид.