Матни равон

Фаро расидани Рӯзи байналмилалии оиларо, ки Ассамблеяи Генералии СММ соли 1993 таъсис додааст, ба кулли ҳамдиёрони азиз табрик мегӯям.

Таваҷҷуҳи хоса нисбати ташаккули оила, таваллуд ва тарбияи кӯдакон, ғамхорӣ ба некӯаҳволӣ ва таъмини рушду камоли онҳо, иззату эҳтироми волидайн, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи меҳру муҳаббат, кӯмаки мутақобила ва масъулиятшиносӣ, баробарии ҳамаи аъзои оила аз фазилатҳои нек ва рукнҳои фарҳанги суннатии мардуми ориёитабори мост, ки асрҳо инҷониб аз насл ба насл мегузаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои устувор мегузорад. Зеро ҷомеаи солим аз кӯдаки солим, кӯдаки солим аз модари солим, модари солим аз бунёди оилаи солим сарчашма мегиранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати таҳкими оила, бахусус оилаҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ, ки дар маҷмӯъ ба шукуфоии Ватани азизамон мусоидат менамоянд, ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Конститутсия (Сарқонун)-и кишвар, ки 22-юми май бо дарназардошти меъёри конститутсионии кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мамлакат тариқи раъйпурсӣ тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад, таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доштани оила, никоҳ, модар, падар ва кӯдакро кафолат додааст. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ин масоил эътибори ҷиддӣ дода, онро таҳти назорати доимии худ гирифтаанд.

Дар ин радиф Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати тарбияи фарзанду пойдории оила кӯшиш ба харҷ дода, нақшаву ниятҳои неки давлату ҳукуматро амалӣ месозанд.

Мо дар давраи омодагӣ ба маъракаи муҳими раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Итминони комил дорам, ки раъйпурсии умумихалқӣ дар шаҳрамон муташаккилона ва дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ баргузор мегардад. Баробари ин фаромӯш набояд кард, ки соли равон ҷашни бузурги миллиамон 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар пеш аст. Ба хотири истиқболи сазовори ин ҷашн ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ бо кору фаъолияти софдилонаву ватандӯстона дар самти густариши корҳои ободонӣ ва ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон – Гулистон саҳмгузорӣ намудани ҳар як фарди бонангу орро хоҳонам.

Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи ҳамдиёрон рӯзгори орому осоишта, ҳаёти пурфайзу босаодат ва болидахотириву сарбаландӣ таманно мекунам.

Боварӣ дорам, ки пойдории оилаҳои солиму қавӣ асоси барору комёбиҳои минбаъдаи аҳли ҷомеа мегардад.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:354
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19155
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55606
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8265118

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?