Матни равон

Имрӯз, 30.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 21-уми январи соли 2025 нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2025 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, деректори маркази "Тоҷикстандарт" Ғайбулло Муҳиддинзода иштирок намуданд.

 

Ба нишасти матбуотӣ ҳамчунин муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 30 воситаҳои ахбори омма аз телевизионҳо ва рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ширкат доштанд.

Дар оғоз Илҳом Пӯлотзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2024 суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои ҳадафманд ва чорабиниҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар соли 2024 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 283,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 100,3 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 752,4 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид.  Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 81,99 миллион сомонӣ буда, 85,8 миллион сомонӣ ё ин ки 104,7 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 3,4 миллион сомонӣ  зиёд  маблағ ворид гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2024 ба маблағи 3 миллиарду 741  млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 94,0% фоиз мебошад. Аз ин 95,5%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 4,5 фоизи он ба ҳизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.
Дар давоми соли 2024 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 913,6 миллион сомонӣ сармоягузорӣ тадбиқ шудааст, ки аз он 775,0 миллион сомонӣ сармоягузории хориҷӣ ва 138,6 миллион сомонӣ сармоягузории дохилӣ мебошад.

Муштариёни шаҳри Гулистон дар соли 2024 ба маблаѓи 155,1 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намудан, дар ин давра 147,1 миллион сомонӣ пардохт намудаанд, ки ин нишондиҳанда 94,8 фоизро ташкил медиҳад.

Варзишгарони шаҳр дар давоми сол дар 16 мусобиқаи дохилимактабӣ – бо гирифтани  425 медал, 19 мусобиқаи шаҳрӣ бо гирифтани 556  медал, 5 мусобиқаи вилоятӣ 18 медал, 2  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 3 медал ва 2 чемпионати ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 4 медал мушарраф гардиданд. Дар маҷмўъ варзишгарон давоми соли ҷорӣ соҳиби 1006 медал гардиданд.
Дар соли сипаригардида  2190 меҳмони хориҷӣ ва 30294 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 33114  нафар истироҳат намуданд, ки 100,0 фоизро дар бар мегирад.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба саволҳои рӯзноманигорон  доир ба таъмини сокинон бо ҷойи корӣ, кумак ба ниёзмандон, норасоии мутахассисон, фаъолияти моҳипарварӣ дар шаҳр, вазъи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмири роҳҳо, вазъи бинои муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо, ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон,  вазъи соҳаи сайёҳӣ, корҳои ободониву хуррамгардонӣ, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихобот ва дигар масъалаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр посух гуфта, аз кормандони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон густариш бахшида, дар пешрафту шукуфоии як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1430
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4928
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12805
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8511
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8353084

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?