17 Июн 2016
Аз 14 то 16-уми июн дар зиёда аз 40 корхонаву ташкилот ва Ҷамоати шаҳракҳо бо иштироки намояндагони ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ такмилбахши саодати халқ» баргузор гардид.
Устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Саидумрон Саидов ва Ҷўрабек Исомиддинов якҷоя бо тарғиботчиёни маҳаллӣ оид ба моҳияти суботи ҷомеа, оромию ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои беназиру пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар ҷаҳони муосир шинохта шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар, мавриди омўзиш қарор гирифтани сулҳи бебозгашти тоҷикон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар назди ҳузурдоштагони чорабинӣ ҳарф заданд.
Баробари ин тарғиботчиён роҷеъ ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои радикалии динӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву ифтихори миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият андешаронӣ намуданд.