22 Июн 2016
Ба истиқболи Рўзи Ваҳдати миллӣ ва моҳи шарифи Рамазон ба 600 нафар ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоати шаҳр ёрии хайрияи Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, расонда шуд. Ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ маводҳои озуқа аз қабили орд, биринҷ, равған ва монанди инҳо дастрас гардид.
Дар роҳандозии ин амали хайру савоб соҳибкорону тоҷирон ва дигар мардуми саховатпеша мадад расониданд. Даст ба дуо бардоштани нафарони мўҳтоҷ дар ҳаққи инсонҳои қадршиносу хайрхоҳ ифодагари хушбахтии эшон буд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба ҷо овардани ин амалҳои солеҳро дар арафаи иду айём ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллии мардумӣ мешуморад, ки ин оини инсониро Рўдакии бузургвор зиёда аз ҳазор сол муқаддам ҳидоят дошт: Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!