Матни равон

Зарнисор. 8 сентябр дар шаҳраки Зарнисор бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангу фароғатии “Истиқлол” чорабинии идона доир гардид.

Дар он кулли бошандагони шаҳрак иштирок намуданд. Дар оғоз сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ғолибҷон Юлдошев муборакбодии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Таъкид гардид, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо буда, тавассути он миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шуд. Ҳамзамон, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Ҷонишини директори генералии “Ширкати кўҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой” Ли Хун Ча ҷамъомадагонро ба ҷашни бузурги миллӣ шодбош гуфт. Дар чорабинӣ як қатор фаъолони шаҳрак, ки дар татбиқи сиёсати давлат саҳм гузошта, ба дастовардҳои шоиста ноил гардиданд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Ҷамоати шахрак ва кумитаи иттифоқи касабаи “ШКСТХ” сарфароз гардонида шуданд. Барномаи рангини адабию мусиқии аҳли ҳунари ансамбли “Санги ошиқон”, ки хеле ҷолибу рангин буд, табъи идонаи иштирокчиёни чорабиниро боз ҳам болида сохт.

Консой. 10 сентябр дар шаҳраки Консой 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан таҷлил гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва директори генералии ҶМ ТКММ “Апрелевка” Бахтиёр Маҷидов ба 200 нафар оилаҳои нодор маводҳои озуқа супориданд.

Таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳрак бо буридани лентаи рамзии Маркази фарҳангу фароғатии “Боғи Истиқлол” оғоз ёфт.

Директори генералии ҶМ ТКММ “Апрелевка” Бахтиёр Маҷидов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Сипас вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода мардуми сарбаланди шаҳракро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ таҳният намуда, орзу кард, ки Истиқлолияти давлати тоҷикон то абад устувору поянда бошад, баракати ваҳдат, иродаи созанда, саодати бепоёни зиндагӣ насиби ҳамагон гардад.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, иброз дошт, ки Истиқлолият реша ва сарчашмаи ҳама гуна бунёдкорӣ, ривоҷу равнақ, озодӣ ва обрўву эътибори давлату миллат маҳсуб меёбад.

Зикр гардид, ки Истиқлолият давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. Халқи тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навин ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар фазои Ваҳдату осоиштагӣ меҳнат менамоянд.

Мардуми баору номуси шаҳр дар оянда низ бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавии худ шаҳри маҳбубамонро боз ҳам ободу сарсабз намуда, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазои худро мегузоранд.

Дар раванди тантанаи идона 20 нафар шахсони барўманд ва машъалони истеҳсолот бо мукофотҳои хотиравии ҶМ ТКММ “Апрелевка” қадр гардиданд.

Барномаи идона бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки саршори шукронаи соҳибдавлатӣ буд, бо намоиши пуршукўҳи базму суруду мусиқии ҳунарварони бахши фарҳангу ситорагони эстрадаи вилоят ва шодию сарфарозии намояндагони сершумори ҷомеаҳои меҳнатии шаҳрак идома ёфт.

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:12934
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:27461
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49385
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8258897

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?