Матни равон

Устодони арҷманд!

Муаллимони гиромӣ!

Пешаи наҷиби омўзгорӣ, кору пайкори ҳамарўзаи муаллими ҳақиқӣ, худафрўзӣва сўхтану сохтанҳои ў, заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиром мебошад. Омўзгор машъали фурўзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад.Муаллими асил ба ҳукми боғбонест, ки навниҳолакону наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати беандоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд.

Мақому манзалат ва нақши омўзгор, алалхусус дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба маротиб афзудааст. Дар замони истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро «Ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» номидаанд.Ҳукумати Тоҷикистон баҳри пешрафти кори муаллим ва беҳбудии рўзгори ў пайваста ғамхориҳо мекунад. Ҳамасола афзоиши музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, муқаррар гардидани як қатор имтиёзҳо барои муаллимон, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба он хотир аст, ки омўзгор тамоми донишу заковат, гармии дили хешро бедареғ ба фарзондони халқ бидиҳад ва ҳамзамон худро хушбахт шуморад.

Беҳуда нест, ки ниёгони шуҳратманди мо, бузургони адабиёти қадиму пурғановати оламшумуламон дар тамоми давру замонҳо муаллим, устодро ситоиш кардаанду ўро ҳамду саноҳо хондаанд. Камолиддин Биноӣ устодро «аз падар пеш» гузоштааст. Шайх Саъдии хирадманд «ҷабри устодро беҳзи меҳри падар» гуфтааст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

Агар дарҷаҳон набвад омўзгор,

Шавад тира аз бехирад рўзгор.

Хушбахтона, дар даврони соҳибихтиёрӣ омўзгорони арҷманди мо рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи ватандўстии насли навраси шаҳри Гулистон чун созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд. Алҳол қариб 700 нафар омўзгорон дар 25 муассисаҳои таълимии шаҳр алҳол машғули тадрису тарбия мебошанд. Беш аз 35 нафари онҳо дорандагони унвони фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, 200 нафар муаллимони тахассуси олидор, беш аз 160 нафар омўзгорон тахассуси якумро соҳиб мебошанд.

Таҷлили Рўзи омўзгор соли равон дар фазои рўҳбахши таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки воқеан тантанаи басо пуршукўҳи озодӣ, демократия, сулҳу ваҳдат ва хештаншиносию худогоҳии миллӣ аст, сурат мегирад. Сафари навбатии Пешвои муаззами миллат ба вилояти Суғд ба мо рўҳу илҳоми тоза ато карда, моро барои корҳои созандагию бунёдкорӣҳидоят намуд. Ва ниҳоят, аҳли маорифи шаҳру шаҳракҳо иди касбии худро дар рўҳияи баланди сиёсию меҳнатӣ дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат зимни суханрониҳо дар вохўрию боздидҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва дар ин замина вусъати тоза бахшидан дар соҳаи маориф истиқбол менамоянд.

Ҳамаи Шумо, устодони муҳтарам ва омўзгорони гиромиро бо Рўзи иди касбиатон самимона муборакбод гуфта, ба шумоён тансиҳатӣ, комёбиҳо ва шукуфоии рўзафзуни Ватани маҳбубу азизамонро таманно менамоям.

Ид муборак, устодону муаллимони иззатманд!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:12997
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:27524
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49448
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8258960

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?