Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи 8-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) баргузор гардид. Иҷлосия бо иҷрои Суруди Миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода вакилон ва даъватшудагонро бо регламенти иҷлосия ва рӯзномаи он шинос намуд. Пас аз интихоби котиботи иҷлосия роҷеъ ба масъалаи асосии иҷлосия «Дар бораи татбиқи Барномаи милллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» муовини раиси шаҳри Гулистон Ғайратҷон Оқилов маърӯза кард. Дар маъруза зикр гардид, ки тибқи Барномаи миллӣ ва қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд қарори дахлдори Раиси шаҳри Гулистон аз 27 январи соли 2011 ба тасвиб расида, дар он Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва нақшаи чорабинҳо иборат аз 46 банд таҳия ва қабул гардидааст.

Баҳри амалӣ гардонидани Барномаи мазкур дар шаҳр Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим иборат аз 6 воҳиди корӣ фаъолияти худро пурсамар ба роҳ мондааст. Аз соли 2011 то инҷониб аз буҷети маҳаллӣ 15,9 ҳазор сомонӣ барои таҷҳизонидан ва таъмири ҳуҷраҳои Марказ ҷудо шудааст. Аз тарафи Марказ дар ин давра барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, тарғиби доимии ташаккули тарзи ҳаёти солим беш аз 11784 суҳбатҳо, 239 лексияҳо, 223 дарсҳои семинарӣ, 60 вохӯриву мулоқотҳо, 3 маротиба мизи мудаввар, 3 маротиба аксия ва дӯкони саломатӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои Барнома Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсозии ташаккули тарзи ҳаёти солим таъсис ёфта, ҷаласаҳои Шӯро 2 маротиба дар як сол гузаронида, қарорҳои дахлдор қабул мешаванд.

Маърӯзачӣ зикр кард, ки соли равон дар партави сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат бо ибтикори Раиси вилоят, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ “Соли 2016 - Соли фарди солим” эълон гардидааст. Дар доираи баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба «Соли 2016 - Соли фарди солим» давоми нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр «Дӯконҳои саломатӣ» ва  «Дӯконҳои саломатии сайёр» дар маркази шаҳр ва шаҳракҳо оид ба  пешгирии бемориҳои ботулизм, камйодӣ, зуком, сил, ҳорӣ ва оқибатҳои манфии никоҳи хешутаборӣ гузаронида, ба аҳолӣ дар мавзӯъҳои зикршуда маълумоти муфассал пешниҳод ва  маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд. Ба соҳаи тандурустӣ дар давоми нуҳ моҳи соли равон бо қарорҳои раиси шаҳр барои таъминоти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда 24,9 ҳазор сомонӣ, таъминоти кӯдакони синнашон то сесола ва маъюбони модарзоди то 18 сола бо дорувориҳо 13,3 ҳазор сомонӣ, барои расонидани кӯмаки антениталӣ занҳои нахустҳомила 21,5 ҳазор сомонӣ, барои хуни бехатарии донорӣ 4000 сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамчунин аз тарафи вакили Маҷлиси шаҳрӣ Турсуной Зокирова барои беҳдошти раванди ташхис ва табобат дар муассисаҳои тандурурстии шаҳри Гулистон - сохтори госпиталӣ ва сохторҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 10 таҷҳизоти муоинавӣ, 8 таҷҳизоти ёрирасон,3 таҷҳизоти муолиҷавӣ ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ туҳфа гардидааст. Аз суратҳисоби махсуси муассисаҳои тандурустӣ ба маблағи 41,6 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ ба маблағи 119 ҳазор сомонӣ, 7,1 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмиллалӣ дар маҷмӯъ, аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 267,8 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харида шуданд. Ба маблағи 504000 сомонӣ (панҷсаду чор ҳазор сомонӣ) таъмири муассисаҳои тандурустии маркази шаҳр, шаҳракҳои Консой, Адрасмон ва Навгарзан ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳамзамон, ба маблағи 207,7 ҳазор сомонӣ маводҳои дорувориҳо ба муассисаҳои тандурустӣ харида шуданд. Ин маблағҳо мутаносибан 88476 сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ, 80522 сомонӣ аз суратҳисоби махсус, 38682 сомонӣ аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмиллалӣ интиқол дода шудаанд. Дар баробари ин, аз ҷониби корхонаи “Апрелевка” ба соҳаи тандурустии шаҳраки Консой ба маблағи 34 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харида шуда, Ширкати саноатии кӯҳии Тоҷикистону Хитой ба маблағи 5000 сомонӣ Хонаи саломатии деҳаи Навободи Ҷамоати шаҳраки Зарнисорро аз таъмири куллӣ баровардааст.

Дар маҷмӯъ дар давоми солҳои 2011 ва нуҳ моҳи соли 2016 барои соҳаи тандурустӣ 27,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои таъмиру тармими иншоотҳои тиббӣ беш аз 1,5 миллион сомонӣ, барои харидани таҷҳизот қариб 400 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст.

Дар маърӯза инчунин оид ба вазъи муоинаи ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббии шаҳрвандону толибилмон, авзони бемориҳои сироятӣ, муассисаҳои тандурустӣ, таъминоти духтурони касбӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон ва амсоли ин иттилооти мушаххас дода шуд.

Дар музокираи маърӯза вакилон К.Қосимова С. Нурматов, раисони Ҷамоати шаҳракҳои Консой, Зарнисор М. Халилова, Ш. Шарифова иштирок намуданд. Раиси Маҷлиси шаҳрӣ Матлубахон Амонзода зимни суханронӣ роҷеъ ба баланд бардоштани рушди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ, вусъати корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, диққати махсус додан ба бемориҳои касбӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон дар соҳа, ширкати вакилон дар рушди соҳаи тандурустӣ, густариши фаъолияти маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва монанди ин дастурҳои мушаххас дод.

Сипас, раиси комиссияи доимии Маҷлиси шаҳрӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет вакил аз ҳавзаи интихоботии “Зарнисор” №  22 Убайдулло Анваров доир ба фаъолияти комиссия, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Зарзамин” № 15 Парвиз Аҳмадҷонов оид ба иҷрои ваколати вакилӣ ҳисобот доданд. Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ ҳамзамон як зумра қарорҳои раиси шаҳри Гулистонро доир ба ҷудо кардани маблағҳо мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Дар кори иҷлосияи 8-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Ҳоҷибоев иштирок ва суханронӣ намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:13317
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:27844
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49768
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8259280

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?