Матни равон

Гулистониёни азиз!

Бисту ду сол муқаддам дар кишвари мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид ва мо ин рӯзи воқеан таърихиро ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил мекунем.

Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳҳ ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.

Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати давлатдории моро ба низом даровард. Роиҷ ба зикр аст, ки рӯзгори навини мардуми тоҷик аз рӯзи қабул шудани ҳамин Конститутсия оғоз мешавад.

Конститутсияи Тоҷикистон маҳсули афкори пешқадами кулли мардуми кишвар буда, таҳти роҳбарии хирадмандона ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шашуми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Дар Қонуни Асосии Тоҷикистон арзишҳои олии ҳаёти ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ, эътирофи волоияти қонун, эътирофи арзишҳои олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва монанди ин таҷассуми худро ёфтаанд. Пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои азими халқи тоҷик ба шумор меравад.

Конститутсияи мо дар шароите таҳия ва ба муҳокимаи умум гузошта шуда буд, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ҳанӯз барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ вобаста ба сохтори давлатдорӣ талош доштанд. Сониян, қабул гардидани Конститутсия ба нофаҳмиҳо ва саволҳои сершумори онҳое, ки ба ояндаи Тоҷикистон чандон эътимод надоштанд, ҷавоби амиқи таърихӣ дод.

Пояҳои низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлатро Сарқонун устувор гардонда, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандонро муайян намуд ва бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати таърихӣ Тоҷикистон ба шоҳроҳи сифатан нави давлатдории хосаи худ ворид гардид.

Дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсия Пешвои муаззами миллат махсус таъкид намуда буданд, ки «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми кӯҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид».

Бале, Конститутсия мазмуни чунин ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, монанди ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, дар вақти беморӣ, маъюбӣ, гум кардани сарпараст, ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқи ҳар кас барои озодона иштирок кардан дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии ҷомеа ва ҳуқуқи таҳсил ва монанди инро муайян мекунад.

Ҷавҳари асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварад. Албатта, чунин дастгирии давлатӣ ба иқтидори иқтисодӣ ва молиявии ҳар як кишвар вобаста аст. Бояд зикр кард, ки алҳол қариб нисфи буҷети давлатӣ барои соҳаҳои иҷтимоии мамлакат сарф карда мешавад. Дар оянда низ мақсади асосии Ҳукумати Тоҷикистон идома додани чунин сиёсат мебошад.

Хушбахтона, аз рӯзи қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистон ва воридшавии тағйиру иловаҳо дар марҳилаҳои  мухталифи таърихӣ аз ҷониби мутахассисони чӣ дохилию чӣ хориҷӣ ва коршиносони созмонҳои байналхалқӣ баҳои баланд гирифт. Зеро он ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам мазмун ҷавобгӯӣ меъёрҳои демократикунонии ҷомеа мебошад. Бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардуми Тоҷикистон буда, дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комил таъмин гардид, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи онҳо қарзи фахрии конститутсионии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Тағӣироту иловаҳо ба Конститутсия ба дақиқ намудани  шакли идоракунӣ, такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ; пурзӯр кардани талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони Парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан; такмили расмиёти қабули қарорҳои алоҳида аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор; танзими конститутсионии ваколатҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат; танзими фаъолияти азҳоби сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа; аз ҷиҳати мантиқӣ, таҳрирӣ ва имлоӣ  равону хонотар кардани матни Конститутсия созгор гардиданд ва онҳо тариқи Раъйпурсӣ пазируфта шуданд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ дар Конститутсияи худ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро қабул намуд. Тибқи ин принсип ҳокимияти ягонаи давлатӣ барои ба таври демократӣ ва самаранок фаъолият намудан ба се рукн – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шудаааст. Ҳар як рукни ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои ба зимма доштаашро мустақилона иҷро менамояд. Вобаста ба ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ тамоми қонунҳои зарурӣ қабул шудаанд ва онҳо пурра имконият медиҳанд, ки ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти он тибқи принсипи зикршуда фаъолият намоянд. Мувофиқи ин принсип тамоми масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа тавассути Конститутсия ва қонунҳо танзим гардида, иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

Риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате эътибор пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти наҷодӣ, миллӣ ва диниаш эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият қадргузорӣ мекунанд.

Дастовардҳое, ки дар тӯли бисту панҷ сол Тоҷикистони соҳибстиқлол ба он ноил гардидаст, метавон оғози дигаргуниҳои азими умедбахш барои халқи мо номид, Конститутсия ба мо ҳуқуқ дод, ки баъди воқеаҳои фоҷиабори таърихи кишвар дар бораи дигаргуниҳо, бунёдкориҳо, пешрафтҳо, рушду инкишофу тараққиёт бо ифтихор сухан ронему фаъолият намоем. Ин барои мо муяссар гардид ва барои ҷаҳониён исбот намудем, ки мо метавонем.

Конститутсияи Тоҷикистон таъмини манфиатҳои тамоми халқияту миллатҳо, динҳо, ривоҷи маданият, забон ва ҳифзи оину суннатҳои онҳоро кафолат медиҳад. Гузашти солҳо собит сохт, ки дар партави Конститутсия ҷомеаи мо дар ҷодаи бунёдкорӣ ва созандагӣ ба комёбиҳои калон соҳиб гашта, собитқадамона дар роҳи бунёди давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр, демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои он минбаъд низ тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия қарзи шарҳвандии худро сарбаландона адо хоҳанд кард. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Бо самимият кулли мардуми шарафманду сарбаланди шаҳри Гулистонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу мекунам.

Бигзор, Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад!

Саломату сарбаланд бошед!


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:13339
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:27866
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49790
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8259302

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?