30 Сентябр 2024
Имрӯз, 30.09.2024 ба ифтихори Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар толори бахши фарҳанги маркази шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроия ва китобхонани системаи марказонидашудаи маркази шаҳр маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун!” баргузор карда шуд.
Дар маҳфили илмӣ-адабӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Рустамҷон Боқиев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳр ва директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр Бибиомина Мирзоева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва тавассути сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр чеҳраҳои оламшумули адабиёту фарҳанги мо аз нав зинда ва хотираи онҳо абадӣ гардонида шуданд.
Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ва тасдиқи созмони фарҳангии ЮНЕСКО соли 2007 дар Тоҷикистон ва дар тамоми дунё 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ботантана таҷлил карда шуда, адолати таърихӣ нисбати ин ҳакими бузурги давру замонҳо барқарор карда шуд.
Мавлоно Балхӣ яке аз пурмаҳсултарин адибони тоҷику форс ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар густариши фарҳанги мо – тоҷикон саҳми бузурге дорад.
Осори гаронмояи Мавлоно Балхӣ дар «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» фароҳам омадаанд.
Мақоми ин суханвари беназир ончунон баланд аст, ки ҳамагон ӯро бузургтарин шоири ҷаҳон, барҷастатарин намояндаи адабиёти форсу тоҷик ва монанди ин ба қалам додаанд.
Имрӯз моро мебояд, ки аз ин осори гаронмоя ва оламшумумли Мавлоно то қадри тавол хабардор бошем.
Онро мутолиа намоем ва аз он баҳрабардор гардем. Зеро бубинед, ки як тан фарзонаи тоҷик Ҷалолуддини Вахшонзаминӣ бо хости худу мардумони зодгоҳи аҷдодиаш не, бо хоҳишу талаботи китобдӯстони асили ҷаҳонӣ дар қитъаҳои олам соҳибтоҷ гардида, на танҳо беист, балки гузашта аз ин бо майлони афзуншавии рӯз ба рӯз азизтарин ва хонотарин адиби ҷаҳонӣ шинохта мешавад.
Дар қисми адабии маҳфил хонандагони фаъоли китобхона аз ашъори шоир шеръҳо қироат намуданд ва саҳнаҳо аз ҳаёту рӯзгори ӯ манзури иштирокчиён намуданд.
Ҳамчунин, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои динишин аз ашъори пурмаонии Ҷалолиддини Балхӣ табъи иштирокдоронро болида гардониданд.