01 Феврал 2025
Санаи 31.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр маҳфили навбатии “Шоҳномахонӣ” дар мавзуи “Нақши “Шоҳнома” дар баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон” бо иштироки ҷавонон доир гардид.
Маҳфилро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов оғоз кард. Сипас, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Исмоил Саидов омӯзгори МТМУ №14-и шаҳр доир ба мавзуъ маърӯза намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар сиёсати маънавибунёд ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиби ғояҳои ватандӯстона, паёми ахлоқии Ҳаким Фирдавсӣ бо тамоми вусъату фарохнои хеш ҷойгоҳи хосаеро соҳиб аст ва мо ҳамагон дар хотир дорем, ки яке аз ин тадбирҳои муҳиме, ки дар аввалин рӯзҳои раҳнамои ба кишвари азизамон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон аз сар гирифтанд, таҷлили ҷашни 1000 солагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ буд, ки воқеан дар он айёми душвори сиёсӣ баҳри таҳкими оини ватандўстии ҷавонони Тоҷикистон, болоравии худшиносии миллӣ ва ҳуввияти фарҳангӣ нақши носутурданӣ ва файзбахше гузошт. Нуктаи қобили таъкид аст, ки ҳарчанд эълони ҷашни 1000 солагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба шумули яке аз аввалин иқдомоти фарҳансолоронаи Пешвои миллат аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сиёсӣ эълон гардид, вале ин ҷашнвораи бузурги миллӣ дар арафаи таҷлили се солагии Истиќлолияти давлатӣ, санаи 4 сентябри соли 1994 дар сатҳи баланд ва бо рӯҳияи олии хештаншиносӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон доир шуд.
“Шоҳнома”- и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ (934-1020) бузургтарин ҳамосаи миллии Ориёист, ки фарогири фалсафаи ростию хирадгароӣ, далели таърихи бостонӣ, ҷилои илму адаби инсонсозу даҳршинос, намои сиёсати ваҳдатгарою боадолат, шукуфаи фарҳангу иҷтимои инсонмеҳвар ва ойинадори андарзи пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек аст. Бино бар таъбири аввалин рисолаи илмӣ дар фирдавсишиносӣ “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”- и ӯ”- и Устод Садриддин Айнӣ(1934) “Шоҳнома”-и безавол ҳамосаи ватандорӣ ва муборизаи некӣ бар бадист. Дарунмояи ҳикмати ин шоҳасари беҳамто ва шаҳкории хиради малакутии инсон нумӯъ зи ин мабдаъ дорад:
Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Бо маниши нек зистан, нек андешидану бо некӣ гуфтору амал ва пайкори некӣ бо бадӣ чун хати сабз зи оғоз то интиҳои “Шоҳнома”- ро фарогир аст. Ҳақ бар ҷониби фирдавсишиноси тавоно ва шоҳномапажӯҳиши мумтоз Ҷамолиддин Саидзода аст, ки “Шоҳнома”-ро бояд чун “Гимни мардумони эронитабор, оинаи тамомнамои эроният ва баёнгари рӯҳи бузурги эронӣ, китоби хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ, далели ҷовидонагии ақвоми Ориёӣ...” бишносем. (Ҷ. Саидзода “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” Д-бе-2022 саҳ.12-13). “Шоҳнома”- ҷамъбаст ва хулосаи асотири бостонии ориёӣ, зиндасозандаи аҳкомҳои “Авасто”, гулчини достонҳои “Худойномак”, ба риштаи назм кашидани “Шоҳнома”-ҳои Масъуди Марвазӣ (в.955), Абӯмансурӣ (в.957), Абулмуайяди Балхӣ(в.963) ва ба зевари таъби солим баркашидани дурдонаҳои достону ривоёти озодагону кундоварон ва паҳлавонони эронитабор аст. Ҳаким Фирдавсӣ инқилобе дар ҷони бедорон афрӯхта, оташакеро, ки шоир Дақиқӣ бо ҳазор байти ватандорӣ вогузошт ба гулхани бузурге мубаддал сохта, равшаноию гармӣ ба дилҳо овард ва ба ҷовидонагӣ бипайваст. “Шоҳнома”- фарҳангу булуғи фари инсонист ва паёми бедорӣ. Ҳарчанд бо гузашти айём дар пайравии “Шоҳнома” достонҳои “Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ, “Луҳроспнома”, “Сомнома”-и Ҳоҷуи Кирмонӣ, “Баҳманнома”- и Эроншоҳи Абулхайр, инчунин “Фаромарзнома”, “Барзунома”, “Шаҳриёрнома”, “Бежаннома” ва даҳҳо достони ҳамосӣ навишта шуданд, аммо ба пояи сухан ва ғурури ватансароии Фирдавсӣ нарасидаанд. Рӯҳи бедори ориёӣ ва эроният дар “Шоҳнома” бо шаҳомати ҷаҳонпаҳлавон Рустами Дастон, покиву ҷасорат, ободкорию меҳр ва сулҳталабӣ дар тимсоли Сиёвуш, фарри хуршедии давлатдорӣ дар пайкори Ҷамшеду Фаридуни фаррухпайк, Кайхусрав Ардашери Бобакон, хираду ростӣ, адлу покӣ дар ойни Зардушт ба ҷавлон аст. “Шоҳнома” –бузургтарин ганҷ ва сарвати маънавии ориёист, ки забон, ҳикмат, афкор, андеша ва русуми озодагонро зинда намудааст, агар ба қавле Фирдавсӣ набуд, эроният аз миён мерафт. Шинохти “Шоҳнома” –шинохти миллат, таърих забон, фарҳанг ва асолати ниёгон аст.