17 июни соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон боздид намуда, бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳрак мулоқот кард.
Ёдовар мешавем, ки шаҳраки Зарнисор аз шаҳри Хуҷанд беш аз 100 километр дур, дар доманаи қаторкӯҳҳои Қурама воқеъ аст ва аз замонҳои қадим бо маъданҳояш машҳур мебошад. Имрӯзҳо дар шаҳрак 2800 нафар умр ба сар мебаранд ва дар он 3 мактаб, 1 кӯдакистон ва 1 беморхона мавҷуд аст. Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои иҷтимоии шаҳрак мунтазам лавозимоти зарурӣ дастрас гардида, сокинон бо шукргузорӣ аз фазои оруми осудаи Ватани соҳибистиқлол кору зиндагӣ доранд.






Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум оғоз гардид.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварда, кадрҳои ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъингардидаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.















