Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2020 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ояндасоз аст. Зеро дар имсол Тоҷикистон ду воқеаи муҳими сиёсиро аз сар бояд гузаронад, ки аввалини он рӯзи якуми моҳи март баргузор гардид. Ин ду воқеаи сиёсӣ яке интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дигарӣ маъракаи сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ду имтиҳони бузург барои халқ аҳамияти зиёд дорад. Хушбахтона, маъракаи аввал бидуни каму кост сурат гирифт ва вакилони арзанда аз ҷониби халқ ба вакилӣ пазируфта шуданд. Мутаассифона, дар баробари ин ду имтиҳон имтиҳони дигаре сари мардуми тоҷик омад, ки он бемории ҳамагири коронавирус мебошад. Ҳукумати кишвар доир ба ин масъалаҳо чораҳои заруриро андешид ва имрӯзҳо ин беморӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст ва умед меравад, ки даҳаи дуюми моҳи июн ба тадриҷ коҳиш ёбад ва гиребони моро раҳо кунад.
Мо хуб медонем, ки миллати тоҷик бо душвориҳои зиёд Истиқлолияти худро ба даст овард ва онро то имрӯз ҳифз намуда истодааст, бо вуҷуди он ки баъзе аз ҳасудон дар солҳои аввали ба даст овардани ин неъмат хостори поймолгардонии он гардиданд. Хушбахтона, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пойдор гардид ва он марҳала ба марҳала рушд карда истодааст.






Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода чанд нафар кӯдакону наврасонро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим карда, ба ифтихори Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдак табрик намуд.
Кӯдакону наврасони даврони соҳибистиқлолият!
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуш боздид ба амал оварданд.















