Вақтҳои охир аз васеъ гардидани имкониятҳои воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ истифода бурда, одамони алоҳида ва гурўҳҳои ба ватану миллат душман, ки ба ТТЭ ҲНИ мансубият доранд, ҳар гуна хабару «таҳлилҳои» ғаразнок ва иғвоангезонаро дар байни аҳолӣ паҳн мекунанд. Рўзҳои охир дар яке аз сомонаҳои ифротӣ маводе зери унвони «Сабаби афзоиши беморони ВНМО дар Тоҷикистон» нашр гардид, ки мақсади он туҳмат задан ба Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.






Имрӯз, 15 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди ҷашни «Рӯзи соҳибкорон» таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.
13 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.














