Гулистониён 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар шаҳраки Зарнисор бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, собиқадорону фаъолони шаҳр ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ваҳдат»-и шаҳрак намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳрак ба маърази тамошо гузошта шуда, сокинону меҳмонони сершумор аз навъи ҳунарҳои кӯхканони зарнисорӣ аз наздик шинос шуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода сокинони шаҳрак ва тамоми гулистониёнро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори тоҷик маҳсуб меёбад. Раванди сулҳофарӣ дар кишвар ва татбиқи бомуваффақияти андешаи Ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳ ва рушди босуботи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва таъинкунанда доранд.