ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ “Ховар”/. 3 июли соли 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон бахшида ба ёдбуди донишманд ва сиёсатмадори машҳури ҷопонӣ, профессор Ютака Акино Симпозиуми байналмилалӣ доир намуд. Имсол аз марги фоҷеавии ӯ 20 сол сипарӣ гардид. Дар ин маросим коршиносон аз кишварҳои Осиё ва Аврупо ширкат намуданд. Хотиррасон менамоем, ки Ютака Акино чун сиёсатшинос соли 1998 ҳамроҳбо ҳамтоёни худ аз Лаҳистон, Уругвай ва Тоҷикистон зимни иҷрои фаъолияти худ дарҳайати (миссияи) нозирони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тундгароёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба таври фоҷеавӣ қатл расидааст.







9 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахти мамлакат машварати корӣ доир карданд.
6 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахти кишвар бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.
Аз рӯи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, тайи чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон баланд шудани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Пас гармои тамузро чи гуна пушти сар кардан даркор аст? Мутахассисон маслиҳат медиҳанд:
6 июли соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” иштирок карданд.















