Рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шарту шароити Отряди сарҳадии Хоруғ, ки пас аз навсозӣ фаъолияташро роҳандозӣ намуд, аз наздик шинос шуданд.
Дар ҳудуди отряд дар муддати кӯтоҳ дар маҷмӯъ наздик ба 30 иншооти ҳарбӣ, пул ва роҳҳои мошингузару пиёдароҳ бунёду таъмир гардида, бо назардошти тамоми талаботи хизматӣ имрӯз ба истифода дода шуд.






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб ҳамчунин ба фаъолияти бинои маъмурии Шуъбаи ҳифзи муҳити зист оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.















