
Соли 2017 бо баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва таҷлили бошукӯҳи санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 — солагии қабули Парчами давлатӣ ва “Соли ҷавонон” барои тоҷикистониён ва тоҷикони олам соли басо хотирмону таърихӣ буд.
Дар ин сол инчунин аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти бонуфузи сайёра — Созмони Милали Муттаҳид 25 сол сипарӣ гардид. Дар ин соли бобарор ба барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо якчанд давлати олам, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Франсия ва Малайзия 25 сол пур шуд.






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
21 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
















