Матни равон

Қайроққум ҳамчун шаҳр санаи 4 январи соли 1963 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 13525,6 га (135,2 км/мураббаъ) мебошад. Аҳолии шаҳр беш аз 41 700 нафарро ташкил медиҳад. Зичии он дар 1 км. мураббаъ 308,4 нафар аст.

Ба марзи маъмурии шаҳри Қайроққум шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Сирдарё ва Навгарзан дохил мешаванд ва онҳо аз маркази шаҳр дар масофаи то 282 километр дуртар ҷойгир шудаанд.

Қайроққум – ҳамчун маркази саноатӣ, мардуми касбу кори гуногун – қолинбофону моҳидорон, геологҳову нақбканон, металлургҳову сохтмончиён ва барқчиёнро дар канори худ муттаҳид намудааст. Дар қаламрави шаҳр 18 адад корхонаҳои саноатӣ,  беш аз 160 муассиса ва ташкилотҳо, корхонаҳои хурд ва ширкатҳо фаъолият доранд, ки 30-тои онҳо ташкилотҳои буҷетӣ мебошанд.

НОБ-и «Дӯстии халқҳо», ки асосгузори бунёди шаҳри Қайроққум аст, аз соли 1957 инҷониб барои хоҷагии халқ қувваи барқ истеҳсол менамояд. То ба имрӯз ин Нерӯгоҳи барқӣ зиёда аз 35 миллиард киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Ҳамчунин дар заминаи ин нерӯгоҳ обанбори Қайроққум низ ба хоҷагии халқи вилояту минтақаи Осиёи Миёна аҳамияти хоса дорад.

Обанбори Қайроққум ба ҳисоби иншооти мавсимӣ-танзимшаванда дохил мегардад. Масоҳати умумии обанбор ё худ бо номи рамзии «Баҳри тоҷик» 520 км  мураббаъ, ҳаҷми ғунҷоишаш беш аз 5 млрд. мукааб об буда, дарозиаш 55 км, бараш 9 км (дар баъзе мавридҳо – 17 км), чуқуриаш 8 м (дар баъзе ҷойҳо то 25 м)-ро ташкил медиҳад.

Аз охири солҳои 60-ум сар карда, шаҳри Қайроққум бо истеҳсоли моҳӣ ва моҳипарварӣ шӯҳратманд гардидааст. Имрӯзҳо кормандони ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Суғдмоҳӣ» дар давоми сол шикори моҳиро қариб то 110 тонна расондаанд. Зиёда аз 2 миллион моҳичаҳо дар обанборҳои махсус парвариш карда мешаванд.

Ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Қолинҳои Қайроққум» соли 1959 ба кор шурӯъ намудааст. Иқтидори умумии он аз 10 миллион метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ, 1,3 ҳазор тонна нахи пашмин дар як сол мебошад ва яке аз корхонаҳои калонтарини ин соҳа дар миқёси Осиёи Миёна ба шумор меравад. Дар ин корхона то солҳои навадум қариб 6 ҳазор нафар қолинбофон фаъолият доштанд.

Дар қаламрави шаҳру шаҳракҳои Қайроққум 15 мактаби таҳсилоти умумӣ, 1 гимназия ва 8 муассисаи томактабӣ амал мекунанд. Дар онҳо қариб 9 ҳазор дастпарварон таълиму тарбия мегиранд. Ба онҳо зиёда аз 800 омӯзгорону мураббиён таълим медиҳанд. Дар шаҳр панҷ маркази саломатӣ, ду бемористон, дар шаҳракҳо панҷ қисмҳои тиббии санитарӣ ва се хонаи саломатӣ амал менамоянд.

Дар Қайроққум як осорхонаи шаҳр, 4 мактаби мусиқӣ, мактаби рассомӣ, 10 китобхонаҳо, ду хонаи маданият, Кохи фарҳангӣ, 11 иншоотҳои варзишӣ, Кохи варзишӣ фаъолият доранд.

Осорхонаи шаҳр дар бинои шӯъбаи фарҳанг ташкил ёфта, дар он экспонатҳои мухталифи марбут ба таърихи шаҳру шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо гирд оварда шудаанд.

Дар ин давра рӯзномаи расмии шаҳр бо номи «Соҳил», ки муассисаш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум мебошад, таъсис дода шуда, аз соли 1998 инҷониб фаъолият дорад.

Шаҳри Қайроққумро инчунин шаҳри туризм низ меноманд. Зеро дар атрофи обанбори он – соҳили «Баҳри тоҷик»  минтақаи фароғатӣ мавҷуд буда, дар он фароғатгоҳу истироҳатгоҳҳои умумӣ ва соҳавии мухталиф фаъолият доранд.

Омили асосии пешравии шҳри Қайроққум ин корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр зиёда аз 50 номгӯи маҳсулотҳо истеҳсол карда мешавад.  Корхонаҳои саноатии шаҳр барои ғани гардонидани буҷет саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Дар ин радиф корхонаҳои хурд ва соҳибкорӣ низ дар миқёси шаҳр рушд ёфта истодааст.

Шаҳри Қайроққум бо ҷомеъаи мутамадин ҳамқадам мебошад. Чунончи дар миқёси шаҳр тамоми ширкатҳои мобилӣ алоқаи босифатро барои аҳоли пешниҳод менамоянд. Тамоми марзи шаҳр бо барномаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ фарогир мебошанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:12457
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:26984
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48908
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8258420

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?