Матни равон

Имрӯз, 17 сентябри соли 2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум доир гардид.
Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи иҷлосия шаш масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии раиси шаҳр  Илҳом Пӯлотзода баргузор шуд.
Аз рӯи масъалаи якум оид ба рафти амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳри Гулистон муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён суханронӣ намуд.
Доир ба масъалаи мазкур Расулов Абдумалик - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии "Умари Хайём"  №21 ба музокира баромад.
Вобаста ба татбиқи Нақша чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳри Гулистон Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Доир ба барраси масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия Абдуллозода  Ғуфрон вакил аз ҳавзаи интихоботии “Адрасмон №13” ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолиро манзур намуд.
Доир ба масъалаи сеюми рӯзнома дар бораи тасдиқ намудани нақшаи минтақабандӣ ва ҷойгиронии сохтмони биноҳо сармеъморӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Илҳом Ашӯров маълумот пешниҳод намуд.
Доир ба масъалаи чоруми рӯзнома ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Зарчашма" №19 Хоҷаев Улуғбек оид ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.
Тибқи масъалаи панҷуми рӯзнома дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳр дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи масъалаи охири рӯзнома тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и вилояти Суғд Абдуазизи Зуҳуров  оид ба вазъи иҷрои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” изҳори назар намуд.
Дар фарҷом раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия хотима ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:678
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:0
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:678
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14108
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:28549
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:79170
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9007782

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?