25 Сентябр 2025
Санаи 24.09.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври ҳабдаҳуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд КФ "Пахтакор"-и ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар майдони худ қабул намуд.
Бозигарони дастаи "Гулистон" аз оғоз ташаббусро ба даст гирифта, пайваста ба ҳариф фишор меоварданд. Натиҷаи ҳамин ҳуҷумҳои пайиҳам буд, ки дар ҷараёни бозӣ 8 маротиба хати дарвозаи меҳмононро рахна намуданд ва ҳамчунин аз тури дарвозаи худ як туб гирифтанд.
Ҳамин тавр бо натиҷаи 8-1 дидори дастаҳои "Гулистон" ва "Пахтакор" ба фоидаи дастаи "Гулистон" ба охир расид.
Тубҳоро аз ҳайати дастаи Гулистон Дилшод Бозоров панҷ маротиба ва Пулотов Акмал, Расулов Насимҷон, Исоев Ҷурабой як маротибаӣ ба ҳадаф расониданд.
Дастаи "Гулистон" пас аз 17 даври рақобатҳо садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошад.
Пирӯзӣ муборак бод!