22 Август 2018
Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимои давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои моливу молиявӣ мерасонад.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода маросими анъанавии супоридани либосҳои мактабӣ ба мактаббачагон аз оилаҳои ниёзманд ба вуқӯъ пайваст. Дар ибтидо Раиси шаҳр ҳамагонро бо фарорасии ҷашнҳо ва оғози соли нави таҳсилди 2018-2019 табрик намуда, ба мактабиён хониши хубу аъло таманно намуд.
Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иди саиди Қурбон ва Рӯзи Дониш ба беш аз 200 нафар ятимони кулл, бачагон аз оилаҳои ниёзманд сарулибоси мактабӣ тақдим карда шуд.