Матни равон

24 августи соли 2018 дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал, такмили кори сохтори ташкилӣ, асосҳои шартномавию ҳуқуқии Хазина, баррасӣ шуда, таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявӣ ва донорҳо, ба хотири ҳалли мушкилоти минтақавӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо аз раванди муколамаи доимии сатҳи олӣ ва вазъи муносибатҳои ду кишвар, ки ба таври назаррас рушд меёбад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, бахши кишоварзию саноат, тиҷоратию иқтисодӣ, алоқаи ҳавоӣ, рушди равобити илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории дуҷонибаи бар асоси анъанаҳои накуи дӯстӣ ва бародарӣ асосёфта, дар оянда низ ба манфиати мардумон рушд меёбад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4081
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2245
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14157
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14838
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:56866
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:79170
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9036099

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?