03 Сентябр 2018
Зурзаниҳои беҳудаи инсонҳои нопок
Тавре таҳлили ҳодисаҳои чанд соли охир нишон медиҳад, ҳизби фаъолияташ мамнуъи наҳзати исломӣ дар тӯли фаъолияти бистучандсолаи худ новобаста аз оне, ки ба сари мардум чӣ балоҳоеро овардааст, аммо ҳамоно аз ин кирдорҳои нангинаш на танҳо изҳори пӯшаймонӣ накардааст, балки он ҳама ҷинояткориҳои содиркардаи худро мояи ифтихору сарбалан дӣ меҳисобаду пайваста дар тӯли мавҷудияташ ҷавонони роҳгумзадаро ба гирди худ ҷамъ мекарду дар замирашон тухми нифоқу кина нисбати имрӯзу ояндаи ин давлату миллат мекошт. Замоне, ки расман фаъолият мекард, ба таври доимӣ дар дафтари ҳизб ҳаргуна ҷамомаду маҷлисҳои дурӯғин ташкил карда, дар онҷойҳо дарду алами худро аз ҳукумати Тоҷикистон меситонанду аз гузаштагони наҳзатӣ ҳамчун пайғамбар ёд мекарданд.Наҳзатиёни мансабталош барои ноил шудан бо ниятҳои нопокашон дар назди аҷнабиён худро ҷавлон дода, маҷлису нишастҳояшонро бидуни эшон намегузарониданд. Ҳар сухани хоҷагони хориҷияшонро ба ҷону дил мепазируфтанду аз хати кашидаи эшон берун намебаромаданд.
Пас аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 баста шудани ҳизбашон, онҳо роҳи муборизаро дар хориҷи кишвар диданд. Бо ташкили ҳаргуна пикетҳо дар назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар он давлатҳо ба имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ латма ворид кардани мешуданд.
Аммо, ҳамаи ин бадкориҳои худро ҳоло ҳам кам дониста, барои бенизом гардонидани Тоҷикистон тамоми саъю талошҳои худро ба роҳ мемонад. Тавре аз ВАО маълум аст, пас аз баста шудани сомонаи расмии ин ҳизб, дар ҳол сомонаҳои дигареро фаъол намуданд, то ҳуҷумҳои иттилоотии худро бар зидди сохти конститутсионӣ ва барҳам задани сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар боз ҳам идома диҳанд.
Конфронси “илмию амалӣ” –е, ки дар мавзӯи ”Таҳдиду хатарҳои ҲНИТ ба амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, наҳзатиҳои гумномро нигарон намуда, дарҳол ба ҳуҷумҳои иттилоотӣ гузаштанд. Нигаронии наҳзатиҳо пеш аз ҳама дар он аст, ки дар ин конфронс намояндагони сафоратҳои 20 кишвари хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Муаллиф бешармона вобаста ба нишасти солонаи САҲА, ки интизор меравад аз 10-ум то 20-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, қайд кардааст, ки: «Сюрпризҳои аҷибу ғариби навбатӣ дар нишасти САҲА дар Варшава бошед»
Хусусияти наҳзатиҳои ифротӣ чунин аст, ки ҳамарӯза талош бар он менамояд, ки бӯҳтоне созаду онро барои тамоми ҷомеа нишон диҳанд.
Ҳар нафаре, ки зидди сулҳу субот ва оромии кишвар ҳарфе ба забон ораду сухани ироа намоянд, аз он меболанду хушҳол мешаванд. Гӯё тоҷик набошанд ва миллати тоҷик барояшон бегона аст. Ба хотири ситонидани қасос имрӯз омодаанд, даст ба ҳама кор зананд. Саволи асосӣ ин аст, ки онҳо аз кӣ интиқом гирифтаниянд, ки имрӯз даст ба таҳкир мезананд? Қасос аз миллат, аз Ватан, аз ободии кишвар. Новобаста аз оне, ки онро эътироф намекунанд, аммо тарзи фаъоияти эшон нишон медиҳад, фикру назар ақидаву андешаҳояшон айнан мисли ақидаҳои Толибону Давлати исломӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистону дигар созмонҳои террористӣ мебошад
Чӣ тавре, ки барои ташкилотхои террористи пешрафти Афғонистон ғайри қобили қабул аст, барои Ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ низ пешрафти Тоҷикистон устухонест дар гулӯ.
Сулҳу субот, амният ва зиндагии беҳтари тоҷику тоҷикистониёнро қабул надоранду аз беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум нороҳат мегарданд. Онҳо бо даъвоҳои дурӯғини демократия хоҳиши рахна намудан бар ваҳдату муттаҳидии миллат мебошанд. Ин исломиҳои сиёсӣ таҷрибаи тафриқаандозиро хуб балад мебошанд.. Солҳои 90-уми қарни гузашти чӣ бадбахтиҳоро ба сари миллати тоҷик оварда буданд.
Нодири Қодир