Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 34 сол аст, ки чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Фарорасии санаи фархундаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамшаҳриён самимона муборак бод гуфта, бароятон тандурустӣ, рӯзгори хушу осуда, иқболи баланд, дар кору пайкоратон муваффақият ва ба Тоҷикистони азизамон осмони мусаффо ва сулҳу амонии ҷовидонаро таманно менамоям.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ зикр намуданд, ки: “Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард”.

Дар воқеъ Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди шаҳри Гулистон муроҷиати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо заҳмати аҳлона дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Лозим ба зикр аст, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Гулистон 280 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 213 адад иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки 76,0 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Хушбахтона дар ин давра бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр беш аз 15 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сарвари давлат барҳақ таъкид намудаанд, ки: “Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”.

Итминони комил дорам, ки мо сокинони шаҳри Гулистон бо таҷлили ин санаи фархунда бори дигар барои тақвияти корҳои бунёдкориву созандагӣ дар шаҳр якҷоя камари ҳиммат баста, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаҳои дар пеш доштаи худро пурра амалӣ менамоем.

Бори дигар сокинону меҳмонони шаҳрро бо фарорасии ҷашни фархундаи 34-умин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод намуда, бароятон тандурустӣ, рӯзгори обод ва комрониву комёбиҳо таманно менамоям.

Рӯзи Истиқлоли давлатӣ муборак бод!

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1150
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2182
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6287
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12824
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:19111
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8919173

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?