10 Сентябр 2025
Бегоҳии рӯзи 9-уми сентябри соли 2025 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода ва сардори Раёсати рушди иқтисод, саводо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимҷон Ҳакимзода иштирок намуданд.
Дар вазъи тантанавӣ як қатор фаъолони шаҳр бо медали ҷашни “30 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо фармоиши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми сентябри соли 2025, №855 бо медали ҷашни “30 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рутбаи ҳарбии навбатии “капитан” ба муносибати 34-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардид.
Инчунин, Вазирзода Вазир Зокир - Прокурори шаҳри Гулистон, Нигина Насриддинзода – Раиси Суди шаҳри Гулистон, Қаҳҳоров Комрон Иброҳимович - сардори шуъбаи шаҳри Гулистони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раҳимзода Мирзоватан – сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо медали ҷашни “30 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, як қатор фаъолони дигар бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.