09 Июн 2015
Прокурори калони шуъбаи назорати қонуни будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дуюм Фаррух Абдулло дар мавзӯи «Паём ва роҳҳои мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ», ки оид ба пешгирии густариши бесобиқаи фаъолияти ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва ифротгароии динӣ равона буд дар назди устодону донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ баромад кард.
Мавсуф таъкид дошт, ки бояд ҳар як ҷавон рисолати ватандориро донад ва дар кору пайкори ободгарона саҳмгузор бошад. Чорабинӣ бо суолу ҷавоб анҷом пазируфт.