Матни равон

Қайроққумшаҳр дар таърихи давлати тоҷикон шаҳри ҷадид ва тозабунёдест, ки он тавассути дӯстиву рафоқати миллату халқиятҳои гуногун дар соҳили дарёи Сир қомат афрохтааст. Қайроққум аз ҷумлаи нахустшаҳри барқии Тоҷикистон буда,  ба хонадони мардуми ориёнаҷодаш олами нуру рӯшанӣ эҳдо кардааст. Шаҳрест, ки бо гузашти қарнҳои зиёд, бо паси сар кардани пайроҳаҳои пурпечутоби таърихӣ, бо фарҳанги қайроққумии саршор аз меҳру муҳаббат ба асолати  хеш то ба имрӯз вирди забони ҷаҳониён мебошад. Донишманди бузурги халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби оламшумули хеш «Тоҷикон» чунин овардааст:

«Дар соҳили рости Сирдарё, самти шарқии Ленинобод дар маҳалли биёбонии Қайроққум даҳҳо маскани давраи тараққӣ ва охирин марҳилаҳои аҳди биринҷӣ, дарёфт ва таҳқиқ шудааст. Қайроққумиҳо асосан машғули чорводорӣ буданд. Ба таври фаровон мавҷуд будани ховангу (ӯхурҷа), ос (осиё), ки барои ярма ва орд кардани ғалла хизмат мекарданд, аз ривоҷ доштани зироат гувоҳӣ медиҳанд…

 

Яке аз машғулиятҳои… қайроққумиҳо кори маъдан ва фулузгудозӣ буд. Дар маскани онон даҷғолаҳои аз гудозиши биринҷӣ боқимонда ва қолибҳои сангӣ барои рехтани метин ва табарҳои биринҷӣ ёфт шудааст…».

Шаҳри Қайроққум дар соҳили ғарбии обанбори Қайроққум 4 январи соли 1963 таъсис ёфтааст.

Ба марзи маъмурии он шаҳракҳои кӯҳканон – Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Сирдарё ва Навгарзан шомил мешаванд, ки аз маркази шаҳр то ба масофаи зиёда аз 200 км дурӣ ҷойгир шудаанд.

Соли 1950 сохтмони НБО-и «Фарҳод»-и шаҳри Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон ба итмом мерасад ва ҳамаи сохтмончиёни дар онҷо фаъолият дошта барои бунёди НБО-и «Дӯстии Халқҳо» меоянд.

Тибқи шарҳи шахсони калонсол ҳақиқатан ҷойи биноҳои хуштарҳу зебои замонавии ҳозира 50-60 сол муқаддам макони регу шағал буду бас. Он регҳоро гузаштагони мо барои сохтани соати деворӣ низ истифода мебурданд. Ҳамчунин регро шуста бо ширеш ва дигар маводҳои часпанда коркард ва аз онҳо сангҳои корду досро тез менамудагӣ месохтанд. Ин сангҳоро бо забони туркӣ «қайроқ» мегӯянд ва то ҳол  мардуми мо бо асли пешина калимаи мазкурро истифода менамоянд.

Чунин омилҳои ҳақиқатан илмӣ ва асоснок, ки онҳоро ҳатто калонсолони маҳал тақвият медиҳанд боиси тавлиди номи Қайроққум  гардидааст.

Қайроқ аз туркӣ – санги фасон, санге, ки бо он теғ, корд ва ғайраро тез мекунанд.

Мекашад сад заҳмат аз қайроқу чарх,

Теғро осоиш аз кундӣ нашуд.

Савдо

Қум арабӣ – бархез, қум, ло танум бархез хоб накун!

Сарвро то бар сари гул сояпарвар кардаанд,

Чун ту сарв аз ҷӯйбори « қум фаанзур!»  барнахост.

Исмат

Қум низ калимаи туркӣ буда маънияш  рег аст.

Ба комиссияи номгузории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум доир ба ивази номи шаҳр пешниҳоду дархостхои шифоҳӣ ворид шуда, хулосаи он ба мақомотҳои болоии дахлдор пешбарӣ гардид. Масъалаи мазкур дар институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Хулосаҳои сармуҳаррири Энсиклопедияи миллии тоҷик ва бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа якҷо бо олимону таърихшиносон низ омӯхта шуд.

Бо такя ба хулосаҳо ва дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳидоят карда шудааст, ки шаҳри Қайроққум – Ориёкант номгузорӣ шавад. Маънии аслии ориёӣ аз хати қадимии санскритӣ то замони мо чунин мафҳумҳоро ифода кардааст: боэҳтиром, сазовор, ҷавонмардӣ, покӣ.

Ба андешаи муаррихи номӣ Абдуллои Мирбобо ориёиҳо дар минтақаҳои Осиёи Миёна, Афғонистону Покистон то Ҳиндустон, то соҳили Баҳри сиёҳ, Мурманск ва то қитъаи Аврупо рафта расидааст. Пайдоиши аслии онҳо ба давраҳои асри биринҷӣ рост меояд.

Канд ё худ кант– суффикси исмсоз маънои шаҳр, деҳи калонро ифода мекунад. Масалан: Вабканд, Тошканд ва ғайраҳо.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2158
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17504
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41507
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8200262

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?