30 Июн 2015
Бо ҳадафи дарёфти истеъдодҳои нав, таъмини майлу хоҳиши толибилмон ба донишомӯзӣ, ҷалби онон ба фарҳанг, варзиш, ва касбомӯзӣ дар назди муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис ёфта истодааст.
Рисолати асосии Марказ фароҳам овардани шароити мусоид ба инкишофи қобилияти зеҳнӣ, дастгирии равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии наврасони болаёқат, мусоидат баҳри ташаккули худшиносӣ ва густариши фаъолияти илмию методӣ, инноватсионии омӯзгорон, ихтироъкорӣ ва амсоли инҳо мебошад.
Баробари ин дар Марказ падару модарон метавонанд баҳри омода намудани фарзандон ба макотиби олӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ тибқи шарномаи тарафайн бо устодону омӯзгорон ҳамкорӣ намоянд.