Муборакбодии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ба ифтихори 30 сентябр-Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ
28 Сентябр 2015
Ҳамшаҳриёни азиз!
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳар сол 30 сентябр ҳамчун Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил карда мешавад. Ҷалолиддини Балхӣ бо эҷодиёти пурмӯҳтавояш тавонистааст, ки ганҷинаи ҳикмату ишқ, ҷаҳони андеша ва иқлими ҷонҳоро равшанӣ бахшад. Ба суолҳои печидаи инсоният посух дода, барои имрӯзиён аз қаъри таърих паёми сабзи сулҳу сафо ба ҳадя оварда, душвортарин водиҳои хештаншиносиро тай намуда, монанди хуршед тулӯъ намояд.
Имрӯз дар ҷаҳони ғарбӣ ҳам ҷавоби бисёре мушкилоти худро дар осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пайдо кардаанд, андешаи ӯро, ки ғояи такомули фитрати инсониро ифода кардааст ва башариятро дар партави ахлоқи нек ва маънавияти саршор аз ишқу муҳаббат парвардааст, мояи наҷот аз буҳронҳои маънавию иҷтимоӣ медонанд.
Ба шарофати истиқлолият, эҳёи давлатдории миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёдамон аз нав фарзандони фарзонаи худро соҳиби мекунад ва дар бунёди бинои муҳташами маънавиёти инсонӣ аз мероси ҷовидонаи онҳо истифода мебарад.
Бо ниятҳои нек, фаро расидани Рӯзи Ҷалолиддини Балхиро ба кулли сокинони шаҳрамон самимона шодбош мегӯям ва орзу менамоям, ки рӯзгорамон пур аз шодию фараҳ бошаду эҷодиёти устод чун имрӯз раҳнамо бо фардои нек бимонад.