Матни равон

Муборакбодии  Раиси шаҳри Қайроққум Матлбахон Амонзода  ба ифтихори Рӯзи забони тоҷикӣЗабони тоҷикӣ баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик ва дорои пайванди устувор бо истиқлоли давлатӣ аст ва он дар тӯли таърих барои миллати мо яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ ба шумор мерафт. Ҳамчунин таъкид бояд кард, ки забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри  миллат аст, миллат бе забон мисли паррандаи бе болу парест, ки парвози баландро ба куллӣ фаромӯш кардааст. Бо таъбири Сарвари давлат «Дӯст доштани забон дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанг аст».

Бо ёдоварӣ аз аҳамияти таърихӣ ва ҳаётии забон Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки «хусусан, имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем».

Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки дар баробари забони давлатӣ, омӯхтани забони хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои давру замон буда, насли наврас ва шаҳрвандони маърифатпарварро ба омӯзиши амиқи онҳо ҳидоят намоем.

 

Таҷлил ва баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонию ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Шумо, ҳамдиёрони арҷмандро бо Рӯзи гиромӣ доштани забони тоҷикӣ, бо ин иди фархундаи умумихалқӣ самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, дар кору фаъолияти ҳамарӯзаатон комёбиҳо, хонаободӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.

Бигзор забони тоҷикӣ – забони одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун пояи устувор ва бақои умри миллат ва давлат то абад поянда бимонад!

Рӯзи забони тоҷикӣ ба ҳамагон муборак бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:8709
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:23236
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:45160
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8254672

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?