02 Октябр 2015
Забони тоҷикӣ баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик ва дорои пайванди устувор бо истиқлоли давлатӣ аст ва он дар тӯли таърих барои миллати мо яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ ба шумор мерафт. Ҳамчунин таъкид бояд кард, ки забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст, миллат бе забон мисли паррандаи бе болу парест, ки парвози баландро ба куллӣ фаромӯш кардааст. Бо таъбири Сарвари давлат «Дӯст доштани забон дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанг аст».
Бо ёдоварӣ аз аҳамияти таърихӣ ва ҳаётии забон Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки «хусусан, имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем».
Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки дар баробари забони давлатӣ, омӯхтани забони хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои давру замон буда, насли наврас ва шаҳрвандони маърифатпарварро ба омӯзиши амиқи онҳо ҳидоят намоем.
Таҷлил ва баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонию ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Шумо, ҳамдиёрони арҷмандро бо Рӯзи гиромӣ доштани забони тоҷикӣ, бо ин иди фархундаи умумихалқӣ самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, дар кору фаъолияти ҳамарӯзаатон комёбиҳо, хонаободӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.
Бигзор забони тоҷикӣ – забони одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун пояи устувор ва бақои умри миллат ва давлат то абад поянда бимонад!
Рӯзи забони тоҷикӣ ба ҳамагон муборак бошад!