Матни равон

Таҷлили 21-солагии қабули КонститутсияИмрӯз, 5 ноябр дар Кохи Истиқлоли шаҳр бахшида ба таҷлили 21- солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили солгарди 21-ум аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид шудани Раиси шаҳр ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар оғози суханронӣ Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро «ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат» номида, бо ифтихору сарфарозӣ кулли ҳамшаҳриёнро бо ин санаи фархунда самимона шодбош гуфт.

Таҷлили 21-солагии қабули КонститутсияБо ёдоварӣ аз таърихи пуршебу фарози солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва мушкилоти давлатсозии навини тоҷикон гуфтаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуд: «Мо бояд танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва тартиботи ҳуқуқӣ зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем».

Таҷлили 21-солагии қабули КонститутсияМуборакбодии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳузурдоштагони чорабинии идона, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аҳрорхон Хоҷаев қироат кард.

Бо овардани китоби рамзии Конститутсия ба саҳна ва қироати 10 боби Сарқонун аз ҷониби толибилмони гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии фарҳангӣ оғоз ёфт.

Барномаи рангини консертӣ таҳти унвони «Фархундагию сарсабзиҳо аз Сарқонун», ки аз ҷониби ҳунарварони бахши фарҳанг пешкаши ҳозирин гардонида шуд, басо ҷолибу хотирмон буд.

 



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:13226
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:27753
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49677
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8259189

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?