04 Декабр 2015
3-юми декабр дар Кохи Истиқлол семинар - машварати дастурдиҳии муштараки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Қайроққум ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд оид ба созишномаҳои коллективӣ, ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо раисони кумитаи иттифоқҳои касаба, сардорони шуъбаи кадрҳо баргузор гардид. Ҳадафи семинар – машваратӣ дастурдиҳӣ ба таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Қонунҳои Кодекси меҳнат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар ҷойи кор ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии кормандон, нигаронида шуда буд.
Дар бораи «Шаклҳои нави пешниҳоди ҳисоботҳои шуғли аҳолӣ аз тарафи субъектҳои хоҷагидор, созишномаи коллективӣ ва ҳифзи меҳнат» сардори Шӯъбаи Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Қайроққум Ғолибҷон Юлдошев баромад кард.
Баромадкунанда дар ҷараёни маърӯза таъкид дошт, ки имрӯз дар шаҳри Қайроққум аз тарафи бахши омор 227 ташкилот ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 189-тояш фаъолият доранд. Теъдоди корхонаҳои зиёда аз 3 нафар коргар дошта ва тибқи қонунҳои амалкунанда дар ин корхонаҳо бояд ташкилоти иттифоқи касаба таъсис ёбанд 139 ададро ташкил медиҳанд ва аз онҳо 104 ташкилоту муассисаҳо шартномаҳои коллективиро ба имзо расонидаанд, ки ин 81дарсадро ташкил медиҳад. Чунин вазъ боиси нигаронист.
Баъдан муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи соҳаи кимиё, нафту газ ва дигар соҳоти вилояти Суғд Саидюсуф Афзалов, ҳуқуқшиносӣ ҳамин Федератсия Инъомҷон Бузруков, намояндаи Ассотсиатсияи соҳибкорон дар вилояти Суғд Маъруфҷон Алибоев, раиси иттифоқи касабаи ҶДММ «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Ҳоҷимуҳаммад Салимзода ва мутахассис дар соҳаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Аминҷон Ҳайдаров доир ба ҳифзи меҳнат, таъмини фароғат, ҳолати ба имзо расонидани созишномаҳо, муносибатҳои меҳнатӣ, омодасозии кадрҳои коргарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва амсоли инҳо фикру мулоҳизоти хешро назди иштирокчиён иброз доштанд.
Дар фарҷом ба суолҳои иштирокдорони семинар – машварат аз ҷониби нафарони масъул посухҳои саҳеҳ дода шуд.