Матни равон

10 октябр Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо машварати корӣ доир намуд. Дар машварат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ширкат варзиданд.

Доир ба вазъи ҷаҳони муосир Раиси шаҳр ҳарф зад. Мавсуф дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз вабои аср – экстремизму  ифротгароӣ ва гаравидани ҷавонони гумроҳ ба ин гуна равияҳо сухан ронда, пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлубро вазифаи аҳли ҷомеа номид. Аз бедодгариву харобкориҳои ҷангиёни ДИИШ дар Сурияву Ироқ таъкид намуда, изҳор дошт, ки дар ин ҷангҳои бемаънӣ боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳгаштаи тоҷик низ ҳастанд. Моро зарур аст ба қадри тинҷиву амонӣ расида, роҳу усулҳои пурсамарро баҳри густариши корҳои тарғиботӣ роҳандозӣ намоем ва дар тақвияту таҳкими ваҳдату осоиштагӣ созгор бошем. Ба  масъулини соҳаи идеологӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Баъдан сардори шуъбаи шаҳрии дар Қайроққум будаи Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд Хаёл Ҳакимов роҷеъ ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷумҳуриявии ҲХДТ, авзои сиёсии ҷаҳон ва роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм андешаҳои хешро баён дошт.

Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иштирокдорони машваратро баҳри ҷамъбасти хуби соли 2015 ва омодагиҳо ба истиқболи арзандаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят кард.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1845
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14025
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47624
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7689544

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?