10 Декабр 2015
10 октябр Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо машварати корӣ доир намуд. Дар машварат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ширкат варзиданд.
Доир ба вазъи ҷаҳони муосир Раиси шаҳр ҳарф зад. Мавсуф дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз вабои аср – экстремизму ифротгароӣ ва гаравидани ҷавонони гумроҳ ба ин гуна равияҳо сухан ронда, пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлубро вазифаи аҳли ҷомеа номид. Аз бедодгариву харобкориҳои ҷангиёни ДИИШ дар Сурияву Ироқ таъкид намуда, изҳор дошт, ки дар ин ҷангҳои бемаънӣ боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳгаштаи тоҷик низ ҳастанд. Моро зарур аст ба қадри тинҷиву амонӣ расида, роҳу усулҳои пурсамарро баҳри густариши корҳои тарғиботӣ роҳандозӣ намоем ва дар тақвияту таҳкими ваҳдату осоиштагӣ созгор бошем. Ба масъулини соҳаи идеологӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Баъдан сардори шуъбаи шаҳрии дар Қайроққум будаи Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд Хаёл Ҳакимов роҷеъ ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷумҳуриявии ҲХДТ, авзои сиёсии ҷаҳон ва роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм андешаҳои хешро баён дошт.
Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иштирокдорони машваратро баҳри ҷамъбасти хуби соли 2015 ва омодагиҳо ба истиқболи арзандаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят кард.