Матни равон

21 декабр дар кӯчаи марказии Истиқлоли шаҳри Қайроққум беш аз 1500 нафар ҷавонон, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатӣ ба раҳпаймоӣ баромада, ҷонибдории хешро ҷиҳати шинохта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат баён доштанд. Чорабинӣ бо ҳузури кулли сокинони шаҳр дар назди майдони Кохи Истиқлол доир шуд. Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода, муовинони ӯ, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахш, сарварони ташкилоту корхонаҳо ва Раёсати кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар он ширкат варзиданд.

Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки таҷрибаи сулҳофарине, ки дар низоми таълимоти сиёсии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус касб карда буд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шудааст.

Мардуми шарафманди тоҷик дар симои Президенти худ пеш аз ҳама пуштибони мардум, ҳомии Конститутсия ва қонунҳоро мебинад.

Баъдан раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Муҳаммадҷон Файзуллоев, муҳассилини коллеҷи тиббӣ Меҳроҷ Одиназода ва хатмкунандаи МТМУ-и №1 Неъматҷон Неъматов доир ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, ки тавассути қудрату қобилияти ташкилотчигӣ, азму иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст, ҳарф заданд.

Барномаи рангини консертии ҳунарварони бахши фарҳанг ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.

Меҳвари асосии ҳамоиш ҳамовозии сокинони шаҳри Қайроққум аз эътироф ва дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат буд.

 



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2277
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8128
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21671
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18843
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:2277
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9455754

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?