22 Декабр 2015
21 декабр дар кӯчаи марказии Истиқлоли шаҳри Қайроққум беш аз 1500 нафар ҷавонон, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатӣ ба раҳпаймоӣ баромада, ҷонибдории хешро ҷиҳати шинохта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат баён доштанд. Чорабинӣ бо ҳузури кулли сокинони шаҳр дар назди майдони Кохи Истиқлол доир шуд. Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода, муовинони ӯ, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахш, сарварони ташкилоту корхонаҳо ва Раёсати кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар он ширкат варзиданд.
Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки таҷрибаи сулҳофарине, ки дар низоми таълимоти сиёсии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус касб карда буд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шудааст.
Мардуми шарафманди тоҷик дар симои Президенти худ пеш аз ҳама пуштибони мардум, ҳомии Конститутсия ва қонунҳоро мебинад.
Баъдан раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Муҳаммадҷон Файзуллоев, муҳассилини коллеҷи тиббӣ Меҳроҷ Одиназода ва хатмкунандаи МТМУ-и №1 Неъматҷон Неъматов доир ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, ки тавассути қудрату қобилияти ташкилотчигӣ, азму иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст, ҳарф заданд.
Барномаи рангини консертии ҳунарварони бахши фарҳанг ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.
Меҳвари асосии ҳамоиш ҳамовозии сокинони шаҳри Қайроққум аз эътироф ва дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат буд.