Матни равон

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи “Хуҷанд-Могилёвлифтмаш” оғоз бахшиданд.

Коргоҳи нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷандторгмаш” Музаффар Ҷумъаев дар ҳамкорӣ бо Корхонаи истеҳсоли лифти “Могилёвлифтмаш”-и Ҷумҳурии Беларус таъсис дода шудааст.

Масоҳати умумии корхона 1,8 гектарро ташкил дода, барои бунёди коргоҳ 2,9 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст. Аз ин 2,1 миллион сомонӣ барои харидориву васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ равона шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизот аз Ҷумҳурии Беларус ворид карда шуда, аз технологияи пешрафтаи истеҳсоли лифт ва дорои кафолати сифати махсулот мебошад.

Лифтҳои нимтайёр аз корхонаи “Могилёвлифтмаш” ворид карда шуда, бо истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии боқимонда дар корхонаи нави шаҳри Хуҷанд лифт пурра барои истифода омода карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона 36 лифти замонавӣ буда, бо бунёди коргоҳи нави истеҳсоли лифт дар шаҳри Хуҷанд 50 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва музди меҳнати хуб таьмин гариданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар соҳаи мошинсозӣ баҳои баланд дода, ба онҳо барои марҳила ба марҳила рушд додани соҳа ва минбаъд ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр тавсия доданд.

Бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосир истеҳсоли лифтҳои гуногуни борбардор, мусофиркашонӣ барои хонаҳои баландошёна, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар иншоот амалӣ карда мешаванд.

Коргоҳ ҳамчунин ба ҷуз лифтҳои муқаррарӣ барои шахсони маъюб лифт ва эскалатору травалаторҳо истеҳсол менамояд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти истеҳсоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷандторгмаш” шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳадафи стратегии мамлакат — саноатикунонии босурьати кишвар ифтитоҳи коргоҳи нави истеҳсоли лифт аз иқдомҳои наҷибу шоистаи соҳибкорон дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот мебошад.

Танҳо дар соли 2021 4 намуд лифт бо вазни 1,8 ҳазор тонна ба маблағи 4,2 миллион доллари америкоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, ки ин иқдом қадами аввалин баҳри созмон додани механизми ивазкунандаи воридот вобаста ба рушди соҳаи сохтмон мебошад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1716
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3362
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1716
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22816
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37356
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8937418

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?