Матни равон

23-юми майи соли 2022 дар доираи даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои  Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар сафар бо дастаи "Барқчӣ"-и шаҳри Ҳисор майдондорӣ намуд.

Қисми аввали дидорро бозигарони гулистонӣ бо муваффақият оғоз намуда аз вазъиятҳои хуби голзанӣ истифода бурда дар дақиқаи 19-уми дидор ҳисоби бозиро кушоданд. Дар дақиқаҳои охири қичми аввал мизбонон тавонистанд ҳисоби бозиро мусовӣ намоянд.

Дар қисми дуюми дидор талошҳои мизбонон самар овард ва дар дақиқаи 57-ум ҳисобро бар нафъи худ афзуданд. Ҳуҷумкорони дастаи "Гулистон" пас аз 3 дақиқа ба баробар намудани ҳисобӣ бозӣ даст ёфтанд ва то дақиқаҳои 80-ум бозӣ бо ҳисоби 2-2 ҷараён дошт. Бозигарони гулистонӣ дар дақиқаи 80-ум туби 3-юми худро вориди дарвозаи ҳариф намуда пешсаф гардиданд. Дар вақти иловагии дидор ба мизбонон муяссар шуд, ки ҳисоби бозиро баробар намоянд.

Ҳамин тавр дидори дастаҳои "Барқчӣ" - "Гулистон" дар даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум бо ҳисоб 3-3 ба анҷом расид.

Тубҳоро аз ҳайати дастаи "Гулистон" Ҷумаев як маротиба ва Муҳсин Рустамзода ду маротиба ба ҳадаф расониданд. "Гулистон" бо качби 5 хол пас аз даври панҷум дар ҷадвали мусобиқот зинаи 7-умро ишғол намудааст.

Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри  Гулистон дар даври шашуми чемпионат санаи 28-уми майи соли 2022 дастаи "Моҳир"-и ноҳияи Ёвонро ба ҳузур мепазирад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:399
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2772
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5052
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26649
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8182
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:107523
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5737187

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?