Матни равон

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи  Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон имрӯз, 02.07.2022 ба ифтихорӣ  сазовор таҷлил намудани 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тероризму экстромизм  ва тақвият бахшидани фаъолияти филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, бо кормандон ва фаъолони Ҷамоати шаҳраки Консой хониши сиёсӣ дар мавзуи "Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар барқарорсозии сохти Конститутсионӣ", пешгирии терроризму экстремизм ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳамзамон, Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Абдураҳмонов Аҳлиддин ва раиси Ҷамоати шаҳраки Консой Муҳаббатов Амир иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид дошта шуд, ки 30 сол муқаддам, санади сарнавиштсози халқу миллати тоҷик - Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба даст омадани Истиқлолият ва ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997-ум ба вуқӯъ пайваст, барҳақ, воқеаи таърихиву тақдирсоз на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои кулли ҳаммиллатони бурунмарзиамон низ буд, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ хондаанд.

Истиқлолияти комилу Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии мардум дар саросари кишвари маҳбубамон буда, тоҷикистониёнро ба мафкураи ягонагӣ, бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст. Маҳз барои ба даст овардани Истиқлолияти  миллӣ  дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштааст.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот аз дастовардҳо ва бурду бохти даврони соҳибистиқлоли ёдовар шуда, таъкид карда шуд, ки бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузори карда, ин неъмати олӣ - ҳам-зистиву осоиштагии миллиро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намуда, барои бо дастовардҳои назаррас ва шоён истиқбол намудани ҷашни ҳумоюни миллӣ ва таърихии 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ҷидду ҷаҳд намоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, фаъолони шаҳрак  минатдории худро, барои баргузории чунин як вохӯрии муфид ва саривақтӣ изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки мо кормандон, аз он шукргузор ҳастем, ки  дар чунин фазои сулҳу субот, Истиқлолияту Ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамзистӣ ва зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият ва зиндагии босаодат дорем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2535
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18882
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52481
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7694401

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?