Матни равон

Шаҳри Гулистон 4–уми январи соли 1963 таъсис ёфтааст. Шаҳри Гулистон дар вилояти Cуғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи беш аз 19 километр шарқтар аз шаҳри Хуҷанд, дар соҳили ғарбии обанбори Баҳри тоҷик воқеъ аст. Ба марзи маъмурии шаҳри Гулистон шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Сирдарё ва Навгарзан дохил мешаванд ва онҳо аз маркази шаҳр дар масофаи то 230 километр дуртар ҷойгир шудаанд. Алҳол аҳолии шаҳр якҷоя бо ҷамоати шаҳракҳо беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Гулистон – ҳамчун маркази саноатӣ ва сайёҳӣ, мардуми касбу кори гуногун – қолинбофону моҳидорон, геологҳову нақбканон, металлургҳову сохтмончиён ва барқчиёнро дар канори худ муттаҳид намудааст. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 33 корхонаи саноатӣ, беш аз 250 муассиса, ташкилот, корхонахои хурд ва ширкату муассисаҳои сайёҳӣ фаъолияти пурсамар доранд. Роҳбарии шаҳри Гулистонро бонуи закиву ботаҷриба ва кордон Раъно Ҳошимзода бар дӯш доранд.

 

Пешво – ҳидоятгари мо

Дар оғози суҳбат бо хабарнигори “МТЖТ”, Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон иброз дошт, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо руҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

– Боиси ифтихормандии мо гулистониён аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи беш аз 20 корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон бевосита иштирок дошта, баҳри пешрафти бунёдии соҳаи хоҷагии халқи шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Бо ибтикор ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат номи яке аз шаҳракҳои мо ба номи зебои тоҷикӣ – Зарнисор, ҳамзамон номи шаҳр низ ба номи мубораки Гулистон табдил ёфтанд. Дар ин замина, номи деҳаҳо, номи кӯчаҳо ба номи шевову гӯшнавози тоҷикӣ, аз қабили Зарчашма, Навобод, Гулдара, Ганҷбахш ва монанди ин иваз карда шуданд. Имрӯз дар ҳудуди шаҳр миллату халқиятҳои гуногун аҳлона ба кору зиндагӣ машғуланд.

Шаҳри Гулистон дар зарфи 31 соли Истиқлоли давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафт, махсусан соҳаи саноати куҳии кишвар ва туризм нақши арзандаи худро касб намудааст, – мегӯяд Раъно Ҳошимзода.

Иҷрои нақшаи буҷет

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ 202,0 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гардида, ки он баробар ба 108,7 дарсади нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 16,1 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардидааст. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 46,7 миллион сомонӣ буда, 52,7 миллион сомонӣ ё 112,8 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Боиси хушнудист, ки дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарз аз пардохти музди меҳнат вуҷуд надорад.

Пардохти музди маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ дар моҳҳои ҳисоботӣ бо пуррагӣ таъмин гардида, дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо назардошти хароҷот 35,0 миллион сомонӣ иҷро гашт, ки баробар ба 102,4 дарсад ё ба маблағи 832,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 99,9 дарсад иҷро гардидааст. Танҳо ба ду соҳаҳои асосӣ – маориф ва тандурустӣ 30,9 миллион сомонӣ, ё 64,4 дарсад маблағи буҷет равона шудааст.

Фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми 9 моҳи соли равон ба маблағи 3 миллиарду 588 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 105,0 дарсадро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 171,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз 37 корхонаи саноатии шаҳр 24-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро барзиёд таъмин намуданд.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр аз рӯи 87 намуди аслӣ ба роҳ монда шудааст.Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 20,9 дарсадро ташкил медиҳад.

Шумораи миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд дар ин давра 5303 нафарро ташкил дода, ин шумора нисбати соли гузашта 571 нафар зиёд шуда, 112,1%-ро ташкил медиҳад. Музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳолати 1-уми сентябри соли равон 2715 сомониро ташкил медиҳад. Шумораи умумии ҷойҳои кории доимӣ дар шаҳр 12629 ҷойро дар бар гирифта, шумораи шаҳрвандони машғули кор 11180 нафар мебошанд.

Шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна ба ҳолати 1-уми октябри соли 2022, 1049 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 292 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 757 нафар соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.

Корхонаҳои саноатии шаҳр бо 13 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дошта, дар ин давра маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 80,6 миллион долларро ташкил дода, маблағи маҳсулоти воридотӣ ба 11,9 миллион доллар баробар шуда, фарқияти содирот аз воридот 6,8 маротиба зиёд шудааст. Дар маҷмуъ гардиши савдои хориҷии шаҳр 92,5 миллион долларро дар бар мегирад.Маҳсулоти содиротӣ асосан металлҳои қимматбаҳо, консентрат, қолин ва ғайра буда, маҳсулоти воридотӣ ресмон, қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизот, гандум, ноқилҳо, сими мис, нафти хом, ашёи хом барои қолинбофӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ мебошанд.

Амалисозии стратегияи чоруми мамлакат

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар соли равон 5 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуданд, аз ҷумла: ҶДММ “Лаззати Хуҷанд”- самти истеҳсол – маҳсулоти ҳасибӣ; ҶДММ “Шириниҳои Гулистон”- самти истеҳсол – маҳсулоти қаннодӣ корӣ; ҶДММ “Шоҳписанд”- самти истеҳсол – эмулсия; ҶДММ “Шермуҳаммад” – самти истеҳсол – хишти роҳрав; ҶДММ “Мубинҷон” – самти истеҳсол – лӯлаҳои пластикӣ.

Ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 277,9 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардидаанд, ки аз он 157,9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва 120,0 миллион сомонӣ сармоягузории дохилиро ташкил медиҳад. Сармояҳои хориҷӣ барои рушди соҳаи саноат ба ҶДММ “Ширкати куҳӣ – саноатии Тоҷикистону Чин” ва “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод” ворид гардидааст.

Корҳои ободонию созандагӣ

Дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳри Гулистон аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 137 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,6 маротиба зиёд мебошад. Корҳои бинокорию васлгарӣ дар ин давра ба маблағи 129,7 миллион сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба зиёд мебошад.

Ба маблағи 502 миллион сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро шуда, нисбати соли гузашта 10 маротиба зиёд мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин давра ба истиқболи арзандаи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро бо тағйиру иловаҳо дар 100 банд тасдиқ намуда, ҷиҳати иҷрои он корбарӣ намуд истодааст, ки то имрӯз 36 дарсади он иҷро гардидааст.

Дар шаҳри Гулистон таъмири 47,5 км роҳҳои автомобилгард ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми нуҳ моҳи соли равон бо дастгирии МИҲД-и шаҳри Гулистон ва соҳибкорони маҳаллӣ 37,3 км роҳҳо таъмир карда шуданд, ки он 78,5 дарсади нақшаро дар бар мегирад, аз ҷумла: 5,6 км таъмири асосӣ (роҳи Бӯстон-Зарнисор), 16,4 км таъмири ҷорӣ ва 15,3 км роҳҳои автомобилгарди шаҳр шағалпӯш карда шудаанд.

Фаъолияти муассисаҳои таълимӣ

Дар шаҳри Гулистон 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як гимназия буда, дорои 9871нафар хонанда мебошанд.

Дар шаҳр 10 муассисаи таълимии томактабӣ, аз ҷумла, 9 кӯдакистони давлатӣ ва 1 кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 1568 нафар тарбиятгирандагон фаъолият мебаранд. Дар 9 муассисаи таълимии томактабии шаҳр 16 гуруҳӣ таълимашон бо забони русӣ ва 16 гуруҳӣ омӯзишашон ба забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар айни ҳол, бо мақсади баланд бардоштани сифати омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ семинари методӣ ва дастурдиҳӣ оид ба амалигардонии самтҳои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Дар 15 муассисаҳои таълимии шаҳр 88 кабинети фаннӣ ва 24 озмоишгоҳ бо лавозимоти зарурӣ ва айёният муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар соли ҷорӣ 14 кабинетҳои фаннӣ таҷҳизонида шудааст.

Аз 574 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр 327 нафар (30 нафар хатмкунандагони соли гузашта) ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд, ки 56,9%-ро дар бар мегирад. Аз ин теъдод 231 нафар ба мактабҳои олии кишвар дохил гардида, номи пуршарафи донишҷӯйро сазовор гардиданд.

Соҳаи фарҳанг

Дар шаҳри Гулистон 29 муассисаи фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонад. Дар давоми нуҳмоҳаи соли равон дар муассисаҳои фарҳангии шаҳр зиёда аз 420 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ гузаронида шуданд. Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардида, дар ин озмон 40 нафар иштирок намуда, 9 нафар ғолибон ба даври вилоятӣ роҳ ёфта, 1 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Ҳамзамон, санаи 22 июли соли равон дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Беҳтарин боғи фарҳангӣ-фароғатӣ” баргузор гардид, ки Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон сазовори ҷойи аввал гардид.

Фаъолияти муассисаҳои тиббӣ

Дар шаҳр 33 муассисаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Теъдоди табибон 106 нафар ва кормандони миёнаи тиб 346 нафар мебошад.Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасонӣ, баҳри таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустии шаҳр аз буҷети маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо шудаанд.Таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тиббӣ зина ба зина гузаронида шуда, ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти аввалиндараҷаи тиббӣ таъмин мебошанд.

Дар ин давра, ба муассисаҳои тандурустии шаҳр ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ворид карда шудааст.

Шумораи катҳои сохтори госпиталии шаҳр 375 адад буда, ба муассисаҳои сохтори госпиталӣ 3916 нафар беморон қабул гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 164 нафар зиёд мебошад.

Нақши пешбарандаи занон

Дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 29 дарсади кормандонро занон ташкил дода, дар соҳаи маориф 78,7%, дар соҳаи тандурустӣ 68,4%, хизматчиёни давлатӣ 25%, ва дар соҳаи фарҳанг 68,0% кормандон бонувон мебошанд.

Аз 35 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 11 – нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз 96 нафар вакилони ҷамоати шаҳракҳо 41 нафарашон занон мебошанд. Шумораи занони роҳбар дар соҳаҳои хоҷагии халқ беш аз 202 нафар буда, 21 дарсади роҳбаронро ташкил медиҳад.

Ҷавонон – ояндаи миллат

Шумораи ҷавонон дар шаҳри Гулистон 17000 ҳазор нафар буда, 34 дарсади аҳолиро дар бар мегирад. Дар маҷлиси шаҳрӣ 6 нафар ҷавонон вакил мебошанд. Аз ҳисоби ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 41 нафар кору фаъолият менамоянд. Дар вазифаҳои хизматччи давлатӣ 32 нафар ҷавонон фаъолият менамоянд.

Дар шаҳр 16 нафар гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 нафар гирандагони Стипендияи раиси шаҳри Гулистон таҳсил доранд. Ҷиҳати дастгирии ҷавонон соли ҷори теъдоди Стипендияи раиси шаҳр ба 35 адад расонида шудааст.

Варзиш – гарави саломатӣ

Дар ҳудуди шаҳр дар маҷмуъ 127 иншооти варзишӣ фаъолият мекунанд, аз ҷумла: 52 майдончаи варзишӣ, 6 ҳавзи шиноварӣ, 9 варзишгоҳ ва 26 толори варзишӣ. Барои таъмиру тармим ва азнавсозии иншооти варзишии шаҳр ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Варзишгарони шаҳр дар нуҳ моҳи соли равон дар мусобиқаҳои дохилимактабӣ – бо гирифтани 611 медал, 32 мусобиқаи шаҳрӣ бо гирифтани 812 медал, 15 мусобиқаи вилоятӣ бо гирифтани 53 медал, дар 6 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 25 медал, 2 Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 7 медал ва дар 3 мусобиқаи байналмилалӣ бо гирифтани 7 медал дар ҷумҳурӣ дар зинаи намоён қарор доранд. Дар маҷмуъ, варзишгарони Гулистон дар давоми нуҳ моҳи соли равон сазовори 1513 медал гардиданд.

Имкониятҳои сайёҳии Гулистон

Шаҳри Гулистонро инчунин шаҳри туризм низ меноманд. Зеро дар атрофи обанбори он – соҳили «Баҳри тоҷик» минтақаи фароғатӣ мавҷуд буда, дар он фароғатгоҳу истироҳатгоҳҳои умумӣ ва соҳавии мухталиф пурсамар фаъолият доранд. Дар ҳудуди шаҳр имкониятҳои мусоид барои рушди сайёҳӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар шаҳр имконияти қабул намудани 2214 истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо мавҷуд мебошад.

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 2090 меҳмонони хориҷӣ ва 26404 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ ба иқтисодиёти шаҳр аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 23,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

дорад – 4 адад. Дар як вақт имконияти қабул намудани 2162 нафар сайёҳон дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», урдугоҳи «Шоҳин», марказҳои солимгардонии «Усмонҷон», «Соҳил» ва меҳмонхонаҳо мавҷуд мебошад.

Дар соҳаи туризми шаҳр зиёда аз 418 нафар бо корӣ доимӣ таъмин шуда, музди миёнаи маоши онҳо 1355 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди шаҳр чор меҳмонхона, аз ҷумла «Соҳил», «Наврӯз-2000», «Далер-777» ва Маркази таълимии «Бонки миллии Тоҷикистон» фаъолият мебаранд, ки имконияти дар як вақт қабул намудани 237 нафар меҳмононро доро мебошанд.

Ба ҷои охирсухан

Дар фарҷоми суҳбат Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон бо итминон гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии қарору санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар мақомоти болоиро ба роҳ монда, тамоми имкониятҳои мавҷударо комилан ва самаранок истифода мебарад ва баҳри иҷрои Нақша – чорабиниҳои ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоиста ва босаодати мардум саъю кӯшиш менамояд.

“МТЖТ

farazh.tj

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:364
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1357
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7878
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59015
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8268527

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?