28 Декабр 2022
Имрӯз, 28.12.2022 тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо ҳамроҳии сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Лутфулло Иззатов ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ афсари Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошев Шерафканро ки дар муноқишаҳои охири марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара ҷароҳат бардошта буд аёдат намуданд.
Зимни суҳбат Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода таъкид намуд, ки давлату ҳукумат хизматҳои шоёни шахсони ватандӯстро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва корнамоиҳои онҳоро ҳамеша қадр менамояд.
Афсари Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошев Шерафкан аз дастгириҳи ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, баён дошт, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат афсарону сарбозони ин ниҳод барои ҳифзи якпорчагии Ватани азизу маҳбубамон -Тоҷикистон омодаанд.